Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни омодагии иншооти истеҳсол ва интиқоли гармидиҳӣ дар пойтахт дидан намуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни омодагии иншооти истеҳсол ва интиқоли гармидиҳии Маркази барқу гармидиҳии (МБГ) Душанбе -1 ва 2, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ва Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе дидан намуд.
Зимни боздид муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки имсол шумораи биноҳои баландошёнаи гармиқабулкунанда дар шаҳри Душанбе 1700 ададро ташкил намуда, иловатан пайвастшавии 100 иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, сокинони аксарият биноҳои навбунёди баландошёнаи пойтахт низ ҳавасмандии худро ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои гармидиҳӣ баён намуда истодаанд. Ба гунаи мисол, агар дар ноҳияи Фирдавсӣ шумораи умумии истифодабарандагони гармӣ дар соли гузашта 15 ададро ташкил менамуд, пас ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ қариб чор маротиба зиёд гардида, 56 ададро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, сохторҳои хизматрасон муваззаф мебошанд, ки дар доираи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати ҳарчи бештар пайваст кардани биноҳои баландошёна ба шабакаҳои гармидиҳӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд.
Ба истифода додани дегхонаи шарқию ғарбӣ ва МБГ Душанбе-1 бо гази табиӣ имконияти истеҳсоли неруи барқ ва интиқоли гармиро афзун гардонида, вазъи таъмини гармидиҳии сокинонро беҳтар менамояд.
Муовини Сарвазир махсус таъкид намуд, ки истеҳсол, интиқол, қабул ва пардохти ҳаққи истифодабарии гармӣ бояд пурра таъмин карда шавад. Зеро маҳз ҷамъоварии саривақтии маблағ аз истифодабарандагон кафолати фаъолияти мунтазами соҳа мебошад.
Муовини Сарвазир аз сохторҳои масъул даъват ба амал овард, ки корро бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва сокинони пойтахт бо назардошти таъмини сифати баланди хизматрасонӣ роҳандозӣ намоянд.
Баъди пурра аз назар гузаронидани санҷиши назоратии омодагӣ ба зимистонгузаронии иншооти гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе муовини Сарвазири мамлакат ҳолати имрӯзаи корҳоро хуб баҳогузорӣ намуда, муҳлати ниҳоии омодагиҳоро санаи 15 сентябри соли равон муқаррар намуд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






