НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд
ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд ва барои густариш додани муносибатҳо миёни субъектҳои ҳарду ҷониб тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Дар ин бора имрӯз, 3 август Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар нишаст зикр шуд, ки сафарҳои ояндаи сатҳи олӣ имконият медиҳанд, ки дар ин раванд пешравиҳо таъмин гарданд. «Мо ният дорем, ки гардиши савдои хориҷии байни ду давлатро ба як миллиард доллари америкоӣ расонем, ки ин албатта вақт талаб мекунад»,-илова намуд Неъматулло Ҳикматуллозода.
Ба иттилои Вазири рушди иқтисод ва савдо, тибқи нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба 128,3 миллион доллари америкоӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69, 7 миллион доллари америкоӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 75 миллион доллар ва воридот аз ин давлат 53,3 миллион долларро ташкил намуд, ки тавозуни савдо аз ҷониби Тоҷикистон 21,7 миллион доллар мусбӣ арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба масъалаи густариши гардиши савдо байни ду давлати ба ҳам дӯст зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус зоҳир карда шуд.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






