«РИА Новости»: Дар Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба низомиёни русро пешгирӣ карданд
ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон неруҳои амниятӣ ячейкаи пинҳонии ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро безарар гардониданд, ки аъзои он содир намудани як зумра ҳамлаҳои террористиро дар нақша доштанд. Дар ин хусус рӯзи чоршанбе, 1 август «РИА Новости» бо истинод ба маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳуории Тоҷикистон хабар дод.
Амалиёт ҳанӯз моҳи феврал гузаронида шуда, хадамоти махсус 14 нафарро дастгир кардаанд. Ин шахсон нақша доштаанд, ки дар ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз, моҳи марти соли 2018 як зумра ҳамлаҳои террористии мудҳиш анҷом диҳанд. Яке аз ҳадафҳои онҳо пойгоҳи ҳарбии 201-уми Россия дар Душанбе буд.
Илова бар ин, аъзои ячейкаи мазкур омодагии махсусро дар Афғонистон гузашта, баъдан дар амалиёти ҷангӣ дар сафи гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» /ДИ/* иштирок кардаанд. Омодагии ҷангии онҳоро Ҳизби нгаҳзати исломӣ (ҲНИ)* маблағгузорӣ намудааст.
Тафсилоти парвандаҳои ифротиён танҳо пас аз мурофиаи додгоҳ маълум гардид. Ҳамаи дастгиршудагонро ба зархаридӣ, ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва терроризм гунаҳкор донистанд. Созмондиҳандагони ин ячейка Фахриддин Гулов ва Маҳмудҷон Азамови 25-сола ба 26 соли зиндон ва дигарҳо ба 7 -солӣ маҳкум шуданд.
29 июл дар Тоҷикистон ба гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ, ки бо велосипед дар ҷумҳурӣ сайругашт мекарданд, ҳамла намуданд. Дар натиҷа 4 нафар ҳалок гардида, 2 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»* бар дӯш гирифт. Мақомоти кишвар дар ҳодисаи рухдода ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро (ТТЭ ҲНИ)* айбдор карданд. Баъдтар дар шабакаи интернет навори байъати қотилони сайёҳони хориҷӣ — шаҳрвандони Тоҷикистон ба ДИ* пайдо шуд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хабар дод, ки ин нафарон аъзои ТТЭ ҲНИ низ буданд. «Ин амал бори дигар собит месозад, ки Ҳизби наҳзати исломӣ бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» робита ва ҳамкории зич дорад», — навиштааст агентӣ.
_______________________________________
* Мамнӯъ дар Тоҷикистон








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






