РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ САМАРҚАНД. Максим Горкий дар бораи ин шаҳри бостонӣ силсилаи ҳикояҳо эҷод кардааст
ДУШАНБЕ, 04.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Максим Горкий аз ҷумлаи адибонест, ки аз худ осори гаронмояи бузург боқӣ мондааст. Кам касон медонанд, ки ин нависандаи сермаҳсул дар қатори роману повесту ҳикояҳои машҳураш ҳамзамон бо номи «Ривоятҳо дар бораи Самарқанд» силсилаҳикояҳо низ навиштааст. Дар зер намунае аз онҳоро манзури хонандагони сомона менамоем.
Максим Горкий
РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ САМАРҚАНД
I
Чунин нақл мекунанд:
Вақте Ҳаким ибни Ҳаким, мулаққаб ба Муқайма, ки маъниаш «Ниқобдор» аст, — ин зодаи қисмат ва ҳаводис, дар фарози қуллаи шуҳрати хеш буд ва тамоми дунё, аз Бағдод то Самарқанд, аз Қандаҳор то Марв бо садои баланд корномаҳои шамшери ӯро васф ва бо овози паст зулмкориҳояшро мазаммат мекард, он гоҳ Ҳаким Муқайма ба атрофу акнофи Туркистон қосидонро фиристод ва онҳо дар бозорҳои шаҳр ҷор мезаданд:
— Ман, Ҳаким ибни Ҳаким, Шоҳи шоҳон, Ҳокими ҳақиқат ҳастам. Ман ҳамаро медонам, тамоми аъмолу афкори оламро. Мардумон, дар атрофи ман ҷамъ шавед ва огоҳ бошед: ҳукмфармоии ҷаҳон, қудрат ва шуҳрат ба ман тааллуқ доранд. Ҳар касе бо ман равон аст, ҷояш биҳишти адн хоҳад буд, ҳар касе аз ман дар гурез аст, дар зулмати ҷаҳаннам ҳалок мешавад!
Вақте ки ин гуфтори густохона ба гӯши Худованд расид, ӯ табассум карду гуфт:
— Ночиз аст инсони пуртахайюле, ки аз нишоти корҳои нек баҳравар нагардидааст!
Ва бо нияти муҷозоти ӯ барои такаббур ба наздаш занеро фиристод.
Чунин нақл мекунанд:
— Вай дар назди хаймаи он девонаавзоъ вақти тулӯи офтоб ҳозир шуд ва посбонон гумон намуданд, ки ӯ аз осмон нузул кардааст.
— Ту кистӣ? – пурсид аз вай Ҳаким ва зан ба чашмони ӯ нигариста, чунин посух дод:
— Ту ҳамаро медонӣ, чунонки одамон мегӯянд, пас бояд донӣ, ки ман кистам ва барои чӣ омадам!
Он кӯрдил гуфт:
— Ман хостам донам, ки оё ту дурӯғ намегӯӣ. Вале ман медонам, ки ту аз Хуросон ҳастӣ, он ҷое, ки беҳтарин гулҳо мешукуфанд ва ту мехоҳӣ канизаки ман шавӣ.
— Ман аз Қандаҳорам, — хоксорона гуфт зан. – Вале ман барои ту оне хоҳам буд, ки ту ба он ниёз дорӣ…
— Исми ту Бонуки, — қарор дод Муқайма ва ӯро ба хайма даровард ва доманаҳои он аз паси эшон поин шуданд – ҳамроҳи зан соярӯ ҳам тафсон аст.
Чунин нақл мекунанд:
— Девонаавзои бодӣ ҳафт шабу ҳафт рӯз шаҳди ишқ чашид ва назди хайма панҷоҳ ҳазор одамоне, ки ба қудрати Муқайма имон оварда буданд, гирд омаданду тавалло карданд:
— Шоҳо, шукӯҳу шаҳомати худро ба мо намой!
Ӯ фармуд, то ба онон расонанд:
— Мӯсо хост, ки чеҳраи маро бубинад, аммо ба нури ман тоб наовард, як нигоҳи ман барои махлуқони хокӣ кофист, то онҳоро ба ҳалокат расонад!
Вале онҳо нидо мекарданд:
— Мо ҳозирем бимирем, то лоақал як бор чеҳраи туро бубинем.
Он гоҳ ба андоми Ҳаким ибни Ҳаким раъша афтод ва ӯ аз худ пурсид:
«Ман чӣ кор хоҳам кард?»
Аммо Худованд фикрҳои ӯро барои зан ифшо сохт ва ӯ мутеъона ба хоҷаи худ чунин маслиҳат дод:
— Ҳамаи занҳо ва канизакҳоятро ин ҷо хон, ба дасти ҳар кадоме оина деҳ ва фармо, ки болои теппаи паси хайма дар муқобили офтоб истанд.
Ӯ чунин кард ва вақте нурҳои офтоби рӯ ба тулӯъ дар садҳо оина мунъакис гардиданд, одамони ҳайратзада ба зону афтода, зорикунон гуфтанд:
— Шоҳо, ба мо тараҳҳум бикун! Мабод, ки шукӯҳи ту моро кӯр созад!
Ҳаким Муқаймаи бадбахт беш аз пеш мағрур шуд, Бонуки бошад, назди мардум баромада, оинаҳоро нишон дода гуфт:
— Сирри шукӯҳу шаҳомат фақат ҳамин аст!
Вале одамон ба ӯ бовар накарданд, он гоҳ Бонуки ба хайма баргашта, ба Муқайма гуфт:
— Онҳо фиреби туро фаҳмиданд, аз яъс ба зону заданд. Ҳушёр бош, онҳо ба по мехезанду туро мекушанд, сарвататро ба яғмо мебаранду шуҳрату шони туро ба хок яксон мекунанд…
Муқайма ба ҳарос афтод:
— Пас ман чӣ коре бояд кунам?
— Ту ҳамаро худат медонӣ, — гуфт Бонуки. – Ту медонӣ, ки Худо ёри туст ва намегузорад, ки ту туъмаи оташ шавӣ. Бифармо, то дар тори кӯҳ гулхан афрӯзанд ва даруни он даро. Баъд аз он киро ёрои ба ту даст расондан хоҳад буд? Кӣ ба сеҳру ҷодуи ту шубҳа мекунад?
Девонаавзои дар ҳаросафтода чунин кард.
Чунин нақл мекунанд:
— Гулхан се шабу се рӯз аланга заду вақте ангиштҳои қаҳрабоии он бо намаки сарди хокистар пӯшида гардиданд ва одамон омаданд, Бонуки ба онҳо гуфт:
— Ӯ вориди оташ гардид, то худро аз кизбу найранг пок созад, ман наззора кардам, вале ӯ набаромад…
Дар бораи марги қаллоби гузаро дар Самарқанд чунин қисса мекунанд.
II
Нест инсоне, ки орзуи ҳукмрони Самарқанд буданро надошта бошад.
Шералӣ, гадои якчашма низ чунин орзу мекард, алалхусус шабҳангом, даме ки боди бесадои ёбонӣ бӯйи гиёҳҳо мекунаду хаёлҳои ширини аз ақл бегонаро бедор менамояд.
Вале гоҳо рӯзона ҳам гадо ба камбағалон, дӯстони худ мегуфт:
— Эҳ, кош ман ҳокими Самарқанд мебудам.
Тамоми шаҳр аз ин орзуи Шералӣ хабардор гашт ва гоҳо одамон ӯро дида, байни худ мегуфтанд:
— Ана ҳамин якчашма ҳам мехоҳад ҳокими Самарқанд бошад!
Аз ин орзуҳои гадо худи Ланги Бузург- Темурхон огоҳ шуд ва сахт дар ҳайрат монд.
— Ин беадолатист, — гуфт ӯ, — беадолатист, агар орзуи қаҳрамон ба дили як гадои ночиз ҳам дастрас бошад.
Ва дар умқи қалби худ номи Шералиро ҷой дод.
Бо гузашти вақт бошад, ки вақте деворҳои Самарқанд аз зарби панҷаи оҳанини Темурланг фитоданд ва ҳамин дасти тавоно шукӯҳу зебоии шаҳрро барқарор кард, Темурланг фармоиш дод:
— Гадоеро бо номи Шералӣ пайдо кунед.
Якчашмаро оварданд ва Темурланг бо чашмони чун паланг хуношоми худ ба ӯ нигариста гуфт:
— Алӣ! Ба ман маълум гашт, ки самою ахтарон туро дӯст медоранд ва ман тасмим гирифтам – бигзор ту ба саодати рӯзгор расӣ, бигзор орзуят ҷомаи амал пӯшад.
Ва фармон дод:
— Гадойро тамиз кунед, сару тан пӯшонед ва иззаташро ба ҷо оред, аз ин баъд ӯ ҳокими Самарқанд аст, он тавре ки хиради ман мехоҳаду дилам қарор кардааст!
Инак, Шералӣ рӯйи қолинҳо, болотар аз ҳама нишастааст, пироҳанаш аз шоҳию зар, даҳонаш воз ва чашми яккаи ӯ дар партави дурахшандаи сангҳои қиматбаҳо намудор нест.
Дар назди ӯ мирзоҳои маъруф, сипоҳиён, уламо ва наваду нуҳ ҳазор мардуми мутаҳайир ба зону истодаанд.
Ва худи Мағлубнопазир пеши ӯ истода, хомӯшона гӯш медиҳад, ки чӣ гуна гадои пироста ва то гулӯ сер оруқ мезанад.
Ва Темур ба ӯ гуфт:
— Ба мо чизе бигӯй, Шералӣ, эй марди хушбахт, чизе бигӯй, ки дар дили ту ниҳон аст, дар рӯҳи дардошнои ту маҳфуз аст…
Якчашма андаке фикр карду гуфт:
— Эй одамони нек, ба гадои якчашма садақа диҳед, садақа…
Ашрофзодагон, сипоҳиён, уламо, наваду нуҳ ҳазор мардум то дергоҳ лол монданд, худи Темур ҳам хомӯш буд. Баъд оҳи сарде кашиду чунин фармоиш дод:
— Ин саги якчашмаро дар дарвозаи шаҳр ба дор кашед.
Одамон ба чунин ақида ҳастанд, ки гадои якчашма дар дами вопасин – фақат ҳамон лаҳза! – хирадмандтар буд нисбат ба худи фотеҳи ҷаҳон.
III
Ва боз чунин нақл мекунанд дар бораи Темур.
Вақте ӯ аз шуҳрат сер шуд, мисли Хуросон аз тафси офтоб, андешаманду камгуфтор гардид, ба сони хирадманде аз соҳилҳои Ганг.
Ва боре хирадмандони бузургтарини рӯйи заминро ба хаймаи худ хонда, аз онҳо мухтасар пурсид:
— Ман бояд Худовандро бинам, — ба ин чӣ гуна метавон муваффақ шуд?
Хирадмандон роҳҳои гуногунро ба ӯ нишон доданд, аммо ӯ хунсардона хомӯш буд ва нигоҳи пурнафрат ба хирадмандон меафканд.
Хирадманди ҷавон аз кишвари баҳри Миёназамин чунин маслиҳат дод:
— Танҳо меҳнати оқилона ба дарки хиради илоҳӣ мерасонад!
— Ин роҳи ғуломон аст, — ниҳеб кард Ланг, — ту ба ман роҳи зебандаи шоҳонро нишон деҳ!
— Худовандро тавассути муроқиба метавон шинохт, — гуфт пири сарсафеде аз Пешовар.
Темур писханд зад.
— Муроқиба — хоби рӯҳ ва ҳазёни он аст, дур шав, мӯйсафед!
Румие гуфт, ки роҳ ба сӯйи Худованд аз тариқи муҳаббат ва машаққати муҳаббат ба одамон мегузарад, аммо Темур ба фаҳми сухани румӣ нарафт ва бо тамасхур ҷавоби рад дод:
— Онҳоеро, ки зиёд ишқ меварзанд, мо фосиқ меномем ва онҳо сазовори танҳо танаффуранд.
Ҳамин тавр ӯ ҳамаи маслиҳатҳои хирадмандонро рад кард ва чанд рӯз тирагун буд, амсоли зоғи сиёҳ.
Вале боре ӯ дар шикор даранг карду дар як дара хуспид ва субҳидам бӯрон хесту дараро фаро гирифт, ба паҳлуҳои он тирҳои оташини худро зад, тарқишҳои кӯҳро бо чанги биёбону зулмот пур кард.
Ва аз миёни ғирев, дар торикӣ Темурланг Овози оромонаеро шунид:
— Эй инсон, ман ба ту чӣ лозимам?
Ланг фаҳмид, ки кӣ бо ӯ гап мезанад, вале наҳаросид ва пурсид:
— Ҷаҳонеро, ки ман хароб кардам, ту сохтӣ?
— Эй инсон, ман ба ту чӣ лозимам? – боз такрор намуд Овози бӯрон.
Темур чашм ба торикӣ дӯхта, гуфт:
— Дар дили ман фикрҳои ба ман нодаркор пайдо шуданд, ки ҷавобро тақозо мекунанд, — онҳоро ба ман ту талқин намудӣ?
Овоз ҷавоб надод, ё Темур бар асари қаҳқаҳаи пуристеҳзои раъд миёни сангҳо онро нашунид.
Ва инсон бархосту ба сухан даромад:
— Инак, ҷаҳоне, ки ман валангор кардам, вай пеши шамшери ман дар даҳшат аст, вале ман ҳатто аз ту тарс надорам. Ҳазорон ҳазор одамон маро дидаанд, вале ман ҳатто дар хоби шабам бо ту дучор нагаштаам. Ту заминро офаридӣ, дар он тухми қавму қабилаҳои бешуморро киштӣ, — ман бошам замини туро аз хуни қавму қабоил сероб мекунам, ман ҳама чизи хуби туро нест месозам, тамоми замин сафед гаштааст, — пур аз устухони одамонест, ки ман қир намудам. Ҳарчӣ аз дастам ояд, ман мекунам, ту бошӣ, маро фақат кушта метавонӣ, дигар ҳеҷ чиз карда наметавонӣ, ҳеҷ чиз! Ва инак ман мепурсам: ин ҳама – ман, ту ва корҳои мо чӣ лозиманд?
Овоз оромона гуфт:
— Вақту соаташ, ки расид, ман ҷазоятро медиҳам…
Қотили бузург тамасхур кард.
— Бо марг?
Ва Овоз ҷавоб дод:
— Бо он чи, ки даҳшатноктар аз марг аст, бо серии бадтар аз безорӣ ҷазоят медиҳам.
— Серӣ чист? – пурсид Темур.
Аммо бӯрон сӯйи теғаҳо рафту касе ба Темурланг ҷавоб надод.
Баъд аз ин Темурланг боз ҳафтоду ҳафт сол умр дид, ба бани одам зулм кард ва шаҳрҳоро хароб мекард, мисли фил мӯрчахонаҳоро.
Гоҳо, ҳангоми базмҳо, вақте корнамоиҳои ӯро месуруданд, вай шабгузаронии худро дар кӯҳсор ва Овози бӯронро ба ёд меоварду аз хирадмандони беҳтарини хеш пурсон мешуд:
— Серӣ чист?
Онҳо ба ӯ бисёр чизҳо мегуфтанд, вале магар ба инсон он чиро, ки дар дилаш нест, фаҳмонда мешавад, чунонки ғуки ботлоқро наметавон маҷбур сохт, ки ба фаҳми зебоии само бирасад.
Темурланги бузург, харобкори ҷаҳон баъд аз як муҳорибаи гарон фавтид ва дами мурдан бо чашмони маҳзун фақат ба шамшери дӯстдоштаи худ менигарист.
Тарҷумаи Мансур СУРУШ