РОҲ БА СӮИ МАКТАБ: таҳти чунин унвон дар Боғи кӯдакони шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид

Август 18, 2018 09:50

 ДУШАНБЕ, 18.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Амфитеатри «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарорасии  соли нави хониш барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони  «Роҳ ба сӯи мактаб»  доир гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, барномаи мазкур  аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ роҳандозӣ  гардид.

Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ масъулин аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла, кӯдакон ёдовар шуда, зикр намуданд, ки  кӯдакону наврасон  ҳамеша таҳти ғамхории махсуси давлату ҳукумат ва Пешвои миллат қарор доранд.

Маврид ба  зикр аст, ки то оғози барномаи асосӣ кӯдакон ва наврасон дар ҳудуди «Боғи кӯдакон» ба бозиҳои гуногуни кӯдакона ва дигар имкониятҳои фароғатие, ки дар боғи мазкур  муҳайё гардидааст, машғул шуда, шодию  хурсандӣ намуданд.

Дар ин  барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ  500 нафар кӯдакон, аз ҷумла, 100 нафар ятимони кулли шаҳри Душанбе  иштирок намуданд.

Ҳаваскорони навраси ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт» — и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо суруду таронаҳои дилнишин  хотири иштирокдоронро болида намуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои истироҳатии  ҳар ҳафта баҳри тафреҳу фароғати сокинону меҳмонони  пойтахт дар «Боғи кӯдакон» барномаҳои рангини фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.

Август 18, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд