Сабабҳои сар задани сӯхтор дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд

Август 15, 2018 15:22

ДУШАНБЕ, 15.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 14 августи соли 2018, соати 24 анбори бозори марказии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба коми оташ фурӯ рафт, ки дар ин ҳодиса мудири анбори ин бозор гунаҳгор дониста мешавад.

Дар ин бора ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон Сулаймон Хол сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб Ҳокимшо Назаров хабар дод.

Ба гуфтаи номбурда, «муайян гардид, ки бо сабабҳои номаълум мудири анбори бозор аввал анборро холӣ карда, сипас барқасдона онро оташ задааст».

«Баъди қабул намудани бонги сӯхтор фавран 5 нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, онро сари вақт хомӯш намуданд. Оташ соати 24:15 пурра хомӯш гардида, пеши роҳи паҳншавии аланга ба дигар қисматҳои бозор гирифта шуд»,-гуфт Ҳокимшо Назаров.

Ба иттиллои сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб, дар натиҷаи сӯхтор ба маблағи 17 ҳазор сомонӣ зарар расонида шуд. Бар асари ҳодисаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бояд гуфт, ки барои халал нарасонидан ба корҳои тафтишотӣ бозори мазкур муваққатан, то соати 12 баста шуда, баъди он ба фаъолият оғоз намуд. Айни ҳол тафтишот идома дорад.

Август 15, 2018 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад