САДАМА. Се нафар кӯҳнавардон – шаҳрвандони Россия ва ду сарнишин – шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок гардида, чандин нафари дигар наҷот дода шуданд

Август 13, 2018 18:44

ДУШАНБЕ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан бо истинод ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ ҶТ) хабар додем, дирӯз, 12 август, тақрибан соати 16:30 дар ҳудуди ноҳияи Лахш чархболи МИ-8 бо 13 нафар куҳнавардон ва се нафар сарнишин ҳангоми бозгашт аз қуллаи Исмоили Сомонӣ дар поёноби пиряхи Фортамбек «нишасти дурушт» кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КҲФ ва МГ ҶТ хабар доданд.

Тавре аз  КҲФ ва МГ ҶТ хабар доданд, мутаассифона, дар садамаи мазкур 3 кӯҳнавард,  шаҳрвандони Россия  – Тимур Барабанов (соли таваллудаш 1986), Александр Абросимов (соли таваллудаш 1971) ва Руслан Тараканов (соли таваллудаш 1976), инчунин 2 сарнишин – Музаффар Файзуллоев (соли таваллудаш1947, шаҳрванди Тоҷикистон) ва Саидҷон Қобилов (соли таваллудаш 1967, шаҳрванди Тоҷикистон)  ба ҳалокат расида, 12 нафар кӯҳнавардон ва як сарнишин наҷот дода шуданд. Дар айни ҳол наҷотёфтагон ҷароҳатҳои гуногун бардошта, зери назорати табибон қарор доранд.

Александр Абросимов

Руслан Тараканов

Барои мушаххас намудани сабабҳои рӯй додани ин ҳодиса аз ҳисоби роҳбарони КДАМ, ВКД, КҲФ, Вазорати мудофиа ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳукуматӣ созмон дода, ба ҷойи ҳодиса сафарбар  карда шуданд. Бо куҳнавардон тамос  барқарор шуда, ҷойи ҳодиса сари вақт муайян карда шуд. Ба ҷойи ҳодиса 3 чархбол бо наҷотдиҳандагон ва кормандони тиб фиристода шуданд.

Раванди корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотбахширо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан зери назорат гирифтаанд.

Чархболи МИ-8 бо 15 нафар кӯҳнавар ва се сарнишин ҳангоми бозгашт аз қуллаи Исмоили Сомонӣ дар поёноби пиряхи Фортамбек, ҳудуди ноҳияи Лахш ба садама дучор шудааст.

То ин замон расман шахсияти кӯҳнавардон расман пурра эълон нашудааст, аммо бархе  расонаҳои   хабарӣ навиштаанд, ки  дар миёни кӯхнпавардони ба садама дучоршуда 11 нафар шаҳрвандони Федератсияи Россия, як нафар шаҳрвандаи Ҷумҳурии Беларус ва як шаҳрванди Испания мебошанд. Хабаргузории «Mash» ному насаби кӯҳнавардонро чунин зикр кардааст:

1. Дубина Виктор, соли таваллуд 1952
2. Барабанов Тимур, соли таваллуд 1986
3. Абросимов Александр, соли таваллуд 1971
4. Шихов Николай, соли таваллуд 1958
5. Миронов Сергей, соли таваллуд 1964
6. Андрей Родыген, соли таваллуд 1980
7. Сергей Матвеев, соли таваллуд 1977
8. Руслан Тараканов, соли таваллуд 1976,
9. Соболенко Александр, соли таваллуд 1970
10. Дмитрий Кумшаев, соли таваллуд 1964
11. Горбатюк Татьяна, соли таваллуд 1969
12. Труш Вячеслав, соли таваллуд 1974
13. Роберто Родриго, соли таваллуд 1969
14. Шубин Павел, соли таваллуд 1965
15. Фейгина Юлия, соли таваллуд 1976

Хотиррасон менамоем, ки қуллаи Исмоили Сомонӣ баландтарин  қуллаи кӯҳ дар қаламрави  Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил буда, баландии он 7495 метрро ташкил медиҳад.

 

Август 13, 2018 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад