САМАРАИ ИҚДОМОТИ НЕК: Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамен мактаби замонавӣ бунёд мекунад
ДУШАНБЕ, 14.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон мактаби замонавӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар дода, зикр карданд, ки корҳои сохтмонии ин мактаб аллакай оғоз гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, ин мактаб дар асоси Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои 630 хонанда дар як баст сохта шуда, он аз таҳхона, се ошёнаи таълимӣ, ошхона, толор ва майдончаи варзишӣ иборат хоҳад буд.
Раиси ноҳияи Спитамен Акрам Сулаймонзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ боздид карда, иброз намуд: «Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду давлати дӯсту бародар ба марҳилаи сифатан нав баромада, ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо бомаром рушд карда истодаанд».
Зикр шуд, ки муассисаи таълимии мазкур дар соли хониши 2019-2020 мавриди истифода қарор мегирад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






