ШИРИ МОДАР ШИРАИ ҶОНИ МАН АСТ: дар ҷумҳурӣ Даҳаи кумак ва дастгирии шири модар гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола аз 1 то 10 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи Даҳаи кумак ва дастгирии шири модар гузаронида мешавад. Бахшида ба ин ҳар сол дар тамоми муассисаҳои тандурустӣ вохӯриҳо ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ баргузор мегарданд.
Бояд зикр кард, ки ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии шири модар баргузор гардида, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб ин маърака ҳамчун даҳа аз 1 то 10 август доир карда мешавад. Имсол ин чорабинӣ таҳти шиори «Синамаконӣ — асоси ҳаёт» сурат мегирад.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев иброз дошт, мақсади асосии гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбат ба дуруст ғизо додани кӯдакон, зиёд намудани дониши падару модарон нисбат ба тарбия ва ғизодиҳии кӯдакон, дастрас намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба моҳияти шири модар, тарзҳои дурусти синамаконӣ, омӯзонидани занҳои ҳомила ва занҳои ширмакон дар муассисаҳои тиббию профилактикӣ мебошад.
Инчунин Ш.Раҳматуллоев зикр кард, ки дар асоси ҳисоботи пешакии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум карда шудааст, ки барои таъмини кӯдак то синни 6-моҳагӣ бо маводи омехтаи гуногуни ғизоӣ, барои дастрас намудани ғизоҳои сунъӣ маблағҳои калон лозим аст. Барои як кӯдакро аз таваллуд то ба синни 6-моҳагӣ ғизо додан 56 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст, агар ҳар қуттӣ 70 сомониро ташкил диҳад, пас дар 6 моҳ 3 ҳазору 920 сомонӣ лозим мегардад. «Аз ин лиҳоз, кӯдакони худро бо шири сина ғизо диҳед, чунки беҳтарин ғизо барои кӯдак ин шири модар мебошад. Ҳар як инсон дар ҳаёташ як бор имконият дорад, ки шири модарро истеъмол намояд, ин ҳам бошад дар давраи то ду солагӣ», — гуфт ҳамсуҳбат.
Бо иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҳлилҳои дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ дар солҳои охир гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмол мекунанд, то 10-15 маротиба бештар ба бемориҳои сироятии меъдаю рӯда ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.
Шералӣ Рахматуллоев мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ вазъи саломатии кӯдакон, фавт дар байни онҳо то синни 1-2 солагӣ ва бахусус аз бемориҳои дарунрав (бемориҳои сироятии меъдаю рӯда) ва бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустӣ мебошад. Тадқиқотҳо собит сохтаанд, ки бемориҳои дар боло зикршуда беш аз ҳама дар байни кўдакони синни бармаҳал вомехўранд, ки ба таври сунъӣ ё омехта ғизо мегиранд. Сабаби он дар рўзҳои аввал ва дар давоми то 6 моҳи аввали ҳаёти худ бо воситаи иловагии ғизохўрӣ ва нўшидан (шиша, пистонак ва дигар омилҳои сироятёфта) алоқа доштани навзод ва ҳамчунин аз пистони модар маҳрум будани ў мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ моҳияти ин масъаларо ба назар гирифта, ҳанӯз соли 1994 дар соҳаи дастгирӣ ва ёрӣ дар синамаконии атфоли навзод корро оғоз карда буд. Аз соли 1998 сар карда, дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи бомуваффақияти синамаконии атфол ҷорӣ шуда истодааст. Соли 1999 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ Таваллудхонаи шаҳрии №1-и ш. Душанбе (собиқ №3) соҳиби Сертификати умумиҷаҳонии «Муносибати некбинона нисбат ба атфол» гардид. Ҳамин тариқ, 58 муассисаи табобатию профилактикии ҷумҳурӣ дорои ин сертификат мебошанд. 90-95 фоизи навзодоне, ки дар ин таваллудхонаҳо таваллуд мешаванд, дар давоми 30 дақиқаи баъди таваллуд ба онҳо шири модар дода мешавад, зикр кард Ш. Рахматуллоев.
Бояд гуфт, ки дар ширҳои сунъӣ миқдори намакҳои натрий, калтсий ва фосфор хеле зиёданд, ки ин ба организми кўдак лозим нест. Ба қадри лозима дар таркиби ғизоҳои сунъӣ витаминҳо, чарбҳои зудҳалшаванда ва сафедаҳо вуҷуд надорад, агар бошад ҳам дар вақти пухтани шир онҳо вайрон мешаванд. Сафедаҳои систин ва таурин, ки барои инкишофи мағзи сари кўдак лозиманд дар таркиби ширҳои сунъӣ нестанд. Дар таркиби шири ҳайвонот линоре, ки барои ҳал намудани чарбҳо лозим аст, вуҷуд надорад. Сафедаи шири гов – казеин дар меъдаи кўдак хеле дер ҳазм мешавад, аз ин рў кўдак гуруснагиро ҳис намекунад. Дар бисёр мавридҳо ширҳои сунъӣ сабаби бемориҳои аллергикӣ низ мешаванд.
Аммо дар як вақти муайян танҳо шири модар наметавонад ҳамаи талаботи инкишофи кўдакро қонеъ гардонад, дар он сурат масъалаи додани ғизои иловагӣ ба миён меояд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавсия медиҳад, ки ғизои иловагӣ аз 6 -моҳагӣ бояд оғоз шавад, чунки дар ин синну сол ба кўдак миқдори зиёдтари моддаҳои минералӣ, сафедаҳо, карбогидратҳо, витаминҳо зарур аст. Дар тамоми муҳлати ворид намудани ғизои иловагӣ бояд шири модар намуди асосии ғизо боқӣ монад, ки кўдаки ширмак онро истеъмол менамояд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки стратегия ва нақшаи коммуникатсионии «1000 рўзи тиллоии аввали ҳаёти кўдак» -ро бо дастгирии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони рушд таҳия намояд. «1000 рўзи тиллоии аввали ҳаёти кўдак» ин аз рўзи ҳомиладорӣ то синни 2-солагии кўдакро дарбар мегирад, ки ғизои солим, нигоҳубини мувофиқ, инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ-рўҳии кўдаконро тақозо менамояд.
Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»