СУХАН ДОНИСТА ГӮ! Боздошти ронандае, ки ҷавонзанеро дашномҳои қабеҳ додааст

Август 22, 2018 08:15

ДУШАНБЕ, 22.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки зимни фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ пайваста ба дашному ҳақорат ва таҳқири дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даст мезадааст.

Тавре аз Раёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, боздошти ронанда бар асоси ирсоли наворе аз ҷониби як гурӯҳ корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» сурат гирифтааст. Дар навор дида мешавад, ки ронандаи автомашинаи мазкур зимни фаъолияти ғайриқонунии мусофиркашонӣ пайваста ба дашному ҳақорат ва таҳқири дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ даст зада, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии шаҳрвандонро поймол мекунад.

Баъди як рӯзи ирсоли муроҷиати шаҳрвандон, 18 август кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шахсияти ронандаи автомашинаи мазкурро муайян намуданд.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки ронандаи бадахлоқ сокини шаҳри Ваҳдат, деҳаи Қирғизон Лутфуллои Файзуллозода буда, соли таваллудаш 1992, соҳибмулки автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аломати қайди давлатиаш 0203АК08 мебошад.

Номбурда ба таври ғайриқонунӣ бе гирифтани иҷозатномаҳои дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳамчун таксии кироякаш дар хатсайри худсохтаи рақами 3 фаъолият намуда, зимни кашонидани одамон ба дашному ҳақорат ва таҳқири шаҳрвандони дигар даст мезадааст.

Тавре аз навор бармеояд, номбурда ҳангоми идораи автомашина ва ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ ба назди ҷавонзани тахминан 25-30- сола, ки тариқи роҳи пиёдагардон ҳаракат менамуд, автомашинаашро боз медорад ва нисбат ба ин ҷавонзан бо алфози қабеҳ суханҳои ғайриахлоқӣ мезанад.

Баъди ба мақомоти милитсия дастрас намудани ронандаи бадахлоқ номбурда пурра ба кирдорҳои ғайриахлоқиаш иқрор гардид. Дар натиҷа нисбат ба ҳуқувайронкунанда бо дастрасии моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

20 август бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои кирдори майдаавбошӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Лутфуллои Файзуллозода ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъйин карда шудааст.

Дар робита ба ҳолати макзур милитсияи шаҳри Душанбе иловатан ба иттилои кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки дар ҳолатҳои шоҳиди ягон ҳодисаҳои ҷиноӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё муноқишаву чунин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ гардидан ба телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00, почтаи электронии Раёсат rvkddushanbe@mail.ru, саҳифаи расмии Раёсат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо номи «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» иттилоъ диҳанд.

Август 22, 2018 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд