ТАБИБӢ АЗ БЕҲТАРИН ПЕШАҲОСТ! 18 август-Рӯзи кормандони тиб

Август 18, 2018 09:02

ДУШАНБЕ, 18.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамчун Рӯзи кормандони тиб таҷлил карда мешавад. Парлумони ҷумҳурӣ соли 1995 Иди касбии табибонро ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд ва он ҳамасола дар зодрӯзи Ҳаким Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад. Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин симои олами тибби ҷаҳонӣ мебошад. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тои он расидаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро  гирифта, 150 адад ба илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар ба  илми пизишкӣ тааллуқ доранд.

Ҳамасола субҳи 18 август   дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе дар пояи пайкараи аллома, ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино маросими гулгузорӣ доир мегардад. Табибон дар ин рӯз аз хизматҳои бузурги аллома дар самти тиб ёдовар шуда, фаъолияти ӯро шоистаи таҳсин мехонанд.

Бояд зикр намуд, ки  давлату Ҳукумат ҳамеша ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва таъмини шароити моддиву маънавии кормандони тиб  таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ин самт корҳои назаррасро анҷом медиҳад.  Кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон барои рушди соҳа ва сиҳатии мардум шабу рӯз талош мекунанд ва заҳмат мекашанд.

 Яке аз онҳо доктори илмҳои тиб,  ҷарроҳи қафаси сина Абдурасул Сангинов мебошад. Номбурда беш аз 25 соли собиқаи корӣ дошта,  айни ҳол   мудири кафедраи фтизиопулмонологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мебошад.

Ӯ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки  бо стипендияи Президентии «Дурахшандагон» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия  таҳсил карда, дар синни 35-солагӣ рисолаи докториро дар мавзӯи «Муолиҷаи ҷарроҳии тангшавии хирной» ҳимоя намуда, сазовори унвони доктори илмҳои тиб гардидааст.

Номбурда фаъолияташро ҳанӯз солҳои донишҷӯии худ дар бахши ҷарроҳии Маркази ҷумҳуриявии дилу рагҳои хунгард ва қафаси сина оғоз намуда, солҳои 2004 — 2005 дар яке аз дармонгоҳҳои   шаҳри Санкт-Петербург ба ҳайси ҷарроҳ низ кор кардааст.

Ҳамсуҳбати мо соли 2007 бо Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника қадрдонӣ шудааст.  А. Сангинов ҳамчунин  аъзои Ҷамъияти ҷарроҳони созмони Пирогов, мактаби саратоншиносон «ОШО»-и (Санкт-Петербург) буда, аз соли 2011 аъзои Ҷамъияти ҷарроҳони қафаси синаи Аврупо низ мебошад.

Абдурасул Сангинов муаллифи 125 маводи илмӣ, 9 дастурамал, 3 патент ва 1 монография мебошад. Айни замон зери роҳбарии ӯ 5 нафар унвонҷӯ, 1 интерн ва 1 ординатори клиникӣ аз рӯи тахассуси ҷарроҳи қафаси сина фаолият доранд.

Ин табиб дар тӯли фаъолияти худ чандин нафарронро табобат ва ҷарроҳӣ намудааст. Дар шаш моҳи соли равон ӯ зиёда аз 60 намуд ҷарроҳии калон ва монипулиятсияҳои хурд анҷом додааст.

Бояд зикр намуд, ки дар даврони Истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар бисёр корҳо дар самти пешбурди ин соҳа анҷом дода шудааст.

Агар назар афканем, мебинем, ки дар тӯли 27 соли Истиқлолият соҳаи тандурустӣ аз ҷиҳати табобат ва хизматрасонӣ хело беҳтар гашта истодааст.   Дар ин муддат  дар муассисаҳои тиббӣ усулҳои нави табобатӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Инчунин  дар ин давра дар  тамоми шаҳру  ноҳияҳои кишвар  низ барои хизматрасониҳои тиббӣ ба  аҳолӣ  шароити хуб  фароҳам оварда шудааст.   Беҳуда нагуфтаанд, ки миллати солим асоси ҷомеаи солим мебошад, баҳри ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои зиёдеро  ба роҳ мондааст.

Бино бо иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин солҳо дар муассисаҳои тиббӣ усулҳои нави табобат  ҳангоми нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ҷигар, иваз намудани буғуми рон ва зонуи беморон ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷоғу рўй,  ҷарроҳиҳои батнӣ ва ҷарроҳиҳои асаб тавассути дастгоҳи эндовидеоӣ, ҷарроҳиҳои нодир ҳангоми саратони сурхной мавриди истифода қарор гирифтааст.

Ҳамчунин тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ муолиҷаи беморони дилу рагҳо мавриди амал қарор гирифта, эндоурология ва сангшиканӣ дастраси аҳолӣ гардид. Дар натиҷа, шумораи шаҳрвандони барои ташхис ва табобат ба хориҷи кишвар муроҷиаткунанда нисбат ба солҳои пешин хеле коҳиш ёфт.

АМИТ «Ховар» ҳамаи кормандони соҳаи тибро бо Иди касбиашон табрик менамояд!

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Август 18, 2018 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ ҳамоиш баргузор мешавад
Тавсия: барои алоқа дар Узбекистон маблағ камтар сарф мекунем
Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
Президенти Тоҷикистон ҳамоиши сатҳи олӣ — муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро ифтитоҳ намуданд
Дар Хуҷанд Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1247 то 0.1240 сомонӣ муқаррар шудааст
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир менамояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад