«ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ САЙЁҲӢ»- таҳти ин унвон дар шаҳри Норак форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад

Август 29, 2018 16:14

ДУШАНБЕ, 29.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 30-31 августи соли равон дар шаҳри Норак бо иштироки роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Корея, Австрия, Қазоқистон, Чин, Кувайт ва Тоҷикистон форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин дуввумин форум ва намоишгоҳи байналмилалиест, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор менамояд.

Форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯзҳои 30-июн ва 1-июл дар шаҳри Исфара багузор шуда буд, ки дар натиҷаи он 21 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо кишварҳои Амороти Муттаҳидаи Араб, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

 

 

Август 29, 2018 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд