Ваҳдат: 973 нафарро барои риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ ҷарима карданд
ВАҲДАТ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони ШБДА ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дар ҳафт моҳи соли равон 15 ҳазору 147 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1729 ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора аз ШБДА ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилоъ, пас аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон 16 нафар дар ҳолати мастӣ дастгир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57 нафар кам мебошад.
Инчунин, дар ин давра 19 нафарро бе шаҳодатномаи ронандагӣ ба қайд гирифтаанд, ки нисбат ба соли гузашта кам мебошад. Вале 1584 нафар бо суръати баланд идора намудани воситаҳои нақлиёт, 3936 нафар барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи пиёдагардон ва велосипедронҳо, 2095 нафар дар ҳолати носозии техникӣ, 805 нафар барои риоя накардани аломатҳои роҳ, 973 нафар барои риоя накардани қоидаҳои мусофиркашонӣ ва 2274 нафар барои надоштани тасмаи бехатарӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Ҷаримаи ҷазоҳои маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ соли равон 485 ҳазору 588 сомониро ташкил медиҳад.
Соли равон дар натиҷаи беаҳамиятии ронандагон ва бо суръати баланд идора намудани воситаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 40 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 6 нафар ба ҳалокат расида, 41 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гаштаанд. Дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 садамаи нақлиётӣ кам ба қайд гирифта шудааст.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






