Вазири фарҳанги Тоҷикистон Ш. Орумбекзода: «Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Барномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад»
ДУШАНБЕ, 07.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода мегӯяд, ба зудӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Барномаи ҳамкории фарҳангӣ ба имзо мерасад.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 7 август зимни натиҷагирӣ аз сафари ҳайати фарҳангиёну донишмандони тоҷик ба Ӯзбекистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршед Ҳамдам гуфт, ки Барномаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҷараёни сафари ҳайати фарҳангиёну донишандони тоҷик ба Ӯзбекистон дар Тошканд баррасӣ шуд ва барои имзо ба сарони кишварҳо пешниҳод мегардад.
Шамсиддин Орумбекзода гуфт, ки интизор меравад Барномаи ҳамкории фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон, ки қарор аст моҳи август сурат бигирад, баррасӣ ва имзо шавад.
Ӯ натиҷаи сафари фарҳангиёну донишмандони тоҷик ба Ӯзбекистонро муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ки «иқдоми нахустини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд».
Зеро ба таъкиди Орумбекзода, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ва ҳангоми баргузории консерти муштараки «Шоми дӯстӣ» дар толори Кохи Борбади шаҳри Душанбе таъкид карда буданд, ки «Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ бо Ӯзбекистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва дар оянда барои расидан ба сатҳи сифатан нав, яъне шарикии стратегӣ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медихад».
Ба гуфтаи Вазири фарҳанги Тоҷикистон, фарҳангиёну донишмандони тоҷикро дар Ӯзбекистон дар сатҳи баланд истиқбол гирифтаанд.
Хотиррасон менамоем, ки 55 нафар фарҳангиёну донишмандони тоҷик аз 1 то 4 август дар Ӯзбекистон қарор доштанд. Дар ин муддат миёни фарҳангиёну донишмандони тоҷик ва ӯзбек вохӯриву мулоқот ва мизи муддавар баргузор гардид.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






