Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: барои довталабон давра ба давра пардохт намудани шартномаи таҳсил иҷозат дода мешавад

Август 7, 2018 09:31

ДУШАНБЕ, 07.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ бо котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна,  олии касбии ҷумҳурӣ оид ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон баъд аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои идомаи таҳсилот ва гирифтани маълумоти дуюм вохӯрӣ баргузор намуданд.   

Тавре аз Вазорати маоориф ва илми ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар вохӯрии мазкур масъалаҳои марбут ба   қабули довталабони тибқи квотаи Президентӣ роҳхатгирифта, зимни қабули ҳуҷҷатҳо роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, риоя намудани одоби муошират бо довталабон ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ Нуриддин Саид   иброз дошт,  ки қабули ҳуҷҷатҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз ҷониби котибони масъул ҳамарӯза аз соати 7:00-и субҳ оғоз ёфта, дар давоми рӯз дархости тамоми довталабон бояд қонеъ гардонида шавад. Инчунин, ба роҳбарони муассисаҳо ва котибони масъул дастур дода шуд, ки бо назардошти вазъияти молиявии довталабон, дар сурати надоштани имкони пардохти пурраи шартномаи таҳсил ба таври истисно барои давра ба давра пардохт намудани маблағи таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо иҷозат дода шавад.

Август 7, 2018 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд