ВМКБ: бонувони волейболбози Бадахшон ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардиданд

Август 15, 2018 10:43

ДУШАНБЕ, 15.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон баргузор шуд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи варзишӣ бо пирӯзии дастаи мизбон анҷом ёфт. Дар он дастаҳои волейболбозон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ШНТМ ва шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат карданд.

Дар натиҷа, дастаи ВМКБ ҷойи аввал, дастаи вилояти Суғд зинаи дуюм ва шаҳри  Душанбе ҷойи сеюмро соҳиб гардида, бо медалу ифтихорномаҳо сарафроз шуданд.

 

 

Август 15, 2018 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд