3 СЕНТЯБР-РӮЗИ АВИАТСИЯИ ТОҶИК: фурудгоҳи Хуҷанд хатсайрҳои навро ба самти Истанбул, Дубай, Деҳлӣ, Анталия ва Гуанҷоу ба роҳ мемонад

Сентябрь 3, 2018 17:01

ХУҶАНД, 03.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони авиатсияи гражданӣ таҷлил карда мешавад. Бояд гуфт, ки 30 августи соли 1994 бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр ҳамчун Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он ҳамасола ҷашн гирифта мешавад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар авиатсияи гражданӣ, инфрасохтори он, низомҳои назорати парвозу фуруд ва воситаҳои электронии назорати парвозҳо, таъмини бехатарии парвозҳо ва дигар бахшҳои муҳими он густариш ёфтанд.

Дар ин раванд яке аз фурудгоҳҳои калони кишвар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» (ФБХ) низ давоми ин солҳо то ба дараҷаи фурудгоҳи замонавии дорои хати нишасту парвози муҷаҳҳаз, роҳравҳои зимомӣ, таваққуфгоҳҳои замонавӣ, низомҳои назорати парвозу нишаст, толорҳои барҳаво ва дигар инфрасохтори замонавӣ расида, тамоми намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузургро қабул ва гусел менамояд.

Хусусан солҳои охир дар ФБХ дар раванди комёбию дастовардҳои соҳавӣ, инчунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ бештар ба назар расида, имрӯзҳо фурудгоҳ ба яке аз мавзеъҳои ободу зебо табдил ёфтааст. Тавре директори «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Қурбони АЛИМАРДОН   зимни суҳбат ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  Абдуаҳад  ШАРИФЗОДА вобаста ба фаъолият ва рафти корҳои ободонӣ дар фурудгоҳ баён дошт, «имрӯзҳо аҳли ҷомеаи меҳнатии кормандони «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», ки ҳамчун дарвозаи шимолии кишвар ба ҳисоб меравад,  баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ азм гирифтанд, сатҳу сифат ва маданияти хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.

Зеро муоширати хуб ва хизматрасонии босифат, ҳурмату эҳтироми мусофирон — ин ҳама  муаррифи услуб ва анъанаҳои хуби меҳмоннавозии мардуми тоҷик бо хориҷиён ба ҳисоб меравад. Он метавонад дар хотири ҳар як меҳмону сайёҳ ва мусофирон ҳамроҳ бо манзараҳои мафтункунандаи кишварамон то дер боқӣ монад».

Инчунин дар ин замина кормандони фурудгоҳ дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар раванди таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти мусофирон мутобиқ гардонидани инфрасохтори фурудгоҳ ба талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ, инчунин баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани қисми берунӣ ва ҳудуди фурудгоҳ иқдомҳои наҷибро пеша кардаанд.

Ба иттилои директори фурудгоҳ, айни ҳол, аэродроми «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»  дар ҷумҳурӣ ягона аэродромест, ки қабулу гусели ҳавопаймоҳоро аз ҳар ду самти хатти парвозу фуруд метавонад ба амал барорад.

Дар ин радиф, баҳри қабули тайёраҳои калонҳаҷм хатти парвозу фуруди фурудгоҳ аз 2620 то 3200  метр дароз карда, дар умум масоҳати зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ саҳни хаттӣ парвоз мумфарш карда шуда, инчунин «Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо» бо таҷҳизоти нави равшанидиҳӣ ва системаи DME (мутобиқ ба дараҷаи 1 ИКАО) васлу насб карда шудаанд, ки он барои дақиқ муайян намудани масофаи байни ҳавопаймо ва хати парвозу фуруд хизмат менамояд.

Ҳамчунин баҳри хизматрасонии саривақтӣ ва босифат ба мусофирон ва ҳавопаймоҳҳо барои фурудгоҳ 15 адад  нақлиёти зарурӣ, аз қабили  нақлиёти махсуси кашандаи аэродромӣ барои кашидани тайёраҳо, мошини боркашон барои хадамоти муҳандисӣ-авиатсионӣ ва микроавтобус барои толори вакилон  харида шуда, баҳри бехатарии корӣ фурудгоҳ дар ҳудуди он то имруз 180 камераҳои назоратӣ насб гардида, шинонидани боз 360 камераҳо низ дар назар аст.

Айни замон дар самти ободу сарсабз гардонидани мавзеву атрофи фурудгоҳ гулу бутта ва дарахтони ороишӣ шинонида шуда, мавзеву роҳравҳо пурра чароғону рангубор карда шудаанд.

Инчунин бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар фурудгоҳ сохтмони бинои нави аэровокзал, ки аз ду қисм иборат аст, аз ҷониби ширкати сохтмонии ватанӣ «Муҳандис» ва ширкати турки «БХТ Алюминиум» идома дошта, дар назар аст, ки баъд аз ба истифодадиҳии он аэровокзал бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидаву ба меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гашта, имкон пайдо мекунад, то дар як соат то 400-500 мусофирро қабул намояд.  Ҳамчунин  дар идомаи корҳои ободонӣ, баҳри беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ, бино ва ҳуҷраҳои меҳмонхонаи фурудгоҳ, ки барои 110 нафар мизоҷ пешбинӣ гардида, кӯҳнаву фарсуда шуда буд, навсозӣ шуда истодааст.

Дар назди фурудгоҳ як чойхонаи миллӣ бо тарзу намуди хоси миллӣ сохта ба истифода дода мешавад. Навгонии дигар-ин дар назди саҳни фурудгоҳ ба хотири яке аз ҳавопаймои маъруфи замони шуравӣ Ту-134, ки ҳанӯз аввалин маротиба соли 1973 ба фурудгоҳи Хуҷанд фуруд омада буду, оғоз аз соли 1974 тариқи ин навъ ҳавопаймоҳ парвозҳо ба самти шаҳрҳои калон ба роҳ монда шуда буданд, насб гардид. Дар паҳлуи он майдони барҳавову зебо барои нишасту истироҳати мусофирон ва майдончаи бачагона бо тамоми шароиту бозии кӯдакона сохта ба истифода дода шуд.

Вобаста ба масъалаи таъминот бо мутахассисон зикр гардид, ки давоми нимсолаи аввали соли равон 35 нафар ҷавонони болаёқат ва донандаи забонҳои хориҷӣ ба кор қабул карда шуда, ҳамзамон бо дастгирии маъмурияти фурудгоҳ айни замон 9 нафар мутахасисони ҷавон дар Академияи авиатсияи граждании шаҳри Санкт-Петербург идомаи таҳсил доранд.

Гуфта шуд, ки давоми нимсолаи аввали соли равон тариқи «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» аз ҷониби 7 ширкати ҳавопаймоӣ – 2 ширкати миллӣ ва 5 хориҷӣ 1181 хатсайр (аз он 941 адад хатсайри хориҷӣ) иҷро карда шуда, 146,9 ҳазор мусофир ва 40,6 тонна бор кашонида шудааст. Дар ояндаи наздик маъмурияти фурудгоҳ баҳри боз ҳам фарох гардонидани самти фаъолият азм дорад, то ин ки дар самти Хуҷанд-Истанбул, Хуҷанд-Дубай, Хуҷанд-Деҳлӣ, Хуҷанд-Анталия ва Хуҷанд — Гуанҷоу хатсайрҳои навро ба роҳ монад.

«Фурудгоҳ минбаъд низ баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба роҳ мондани таъмини хизматрасонии босифату босамари кори муътадили фурудгоҳ ва ҷалби мусофирон ба хатсайрҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд», — афзуд дар интиҳо  Қурбони Алимардон.

Сентябрь 3, 2018 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд