Аҳмади Дониш бо навиштаҳои хеш дӯстии халқҳои Осиёи Миёнаву Россияро ташвиқу тарғиб намудааст

Сентябрь 28, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар додем, соли равон аз имзои «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» 25 сол сипарӣ гардид.  Вале бояд гуфт, ки дӯстии ин ду халқ таърихи тӯлонӣ дорад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки мутафаккири барҷастаи тоҷики асри  XIX Аҳмад Махдуми Дониш ҳанӯз соли 1857 аз номи давлати тоҷикон ба Россия ҳамчун котиби сафорат (элчӣ) сафарбар гардида буд.

Дар аввалин сафар ба ин мамлакат ҷаҳонбинии Аҳмади Дониш ба куллӣ дигар шуд ва пас аз бозгашт ба Аморати Бухоро хост дар он ҷо чизҳои бо чашм дидааш, аз ҷумла ҳунарҳои санъати меъморӣ ва ғайраро ҷорӣ намояд.

Аҳмади Дониши маорифпарвар ба асари «Наводир-ул-вақоеъ» тавсифи сафарҳояш ба Россияро дохил намуда, дар бораи маданият ва илм, тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ин мамлакат маълумоти муфассал додааст.

Доктори илми филологӣ, профессор Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» аз сафарҳои Аҳмади Дониш  ёдовар шуда, зикр намуд, ки зимни се сафари худ ба Россия ин маорифпарвари машҳур аз тамаддуну фарҳанг ва адабиёти он давлат бохабар шуда, ҳамчунин тавассути Россия ба доираи фарҳангу тамаддуни Аврупо роҳ ёфт.

«Бо ҳамин андешаҳо ба Аморати Бухоро баргашт ва дар бораи сохти давлатдорӣ ва тарзи идораи он рисола навишт. Бахусус дар соҳаи мактабу маориф дигаргуниҳои ҷиддӣ пешниҳод кард»,- илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи профессор Шарифмурод Исрофилниё, воқеан ақидаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Дониш дар он давр андешаи пешқадам ва аз таҷрибаи рӯзгор бардошта шуда буданд. «Аҳмад Дониш дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун ситораи дурахшон зуҳур кард ва тавонист ба адабиёт равиши дигар диҳад»- зикр намуд профессори тоҷик.

Шарифмурод Исрофилниё аз он ёдовар шуд, ки яке аз пайравони  Аҳмади Дониш  Маҳдуми Садри Зиё мебошад, ки дар бораи ӯ дар тазкираи худ маълумот дода, аз ҷумла гуфтааст, ки баъди иншои асарҳои Аҳмади Дониш адабиёт ба ҷомеа наздиктар шуд.

«Хусусан «Наводир–ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш тавонист ба  адабиёти мо неруи нав бахшида, андешаҳои тафаккурсоз ва созанда пешниҳод намояд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Пас аз сафарҳои худ, — мегӯяд Шарифмурод Исрофилниё, — Аҳмади Дониш дар ин китоб андешаҳои комилан пешрафта ва тараққихоҳ пешниҳод намуда буд. Ин асар ба ҷадидони Бухоро, ки  ба сохти давлатдорӣ ва таълиму тарбия назари дигар доштанд, таъсири амиқ  расонид.

«Ҳангоми се сафари худ ба Россия Аҳмади Дониш сохти давлатдории Бухороро бо ин мамлакат муқоиса кард. Ӯ ҳатто дар бораи сохти давлатдории Россия низ андешаи танқидӣ дошт, чунки онҳо низ камбудиҳо доштанд. Ва дар баробари ин аллома барои ислоҳи онҳо андешаҳои нек низ пешниҳод карда буд. Агар як қисми пешниҳодҳои ин донишманд дар он давра амалӣ мешуданд, воқеан як ислоҳоте дар ҷомеаи асримиёнагии Бухоро рух доданаш мумкин буд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи Ш. Исрофилниё, Аҳмади Дониш аз  амир сар карда, то қозию вазир ва дигаронро танқид ва сохти давлатдории Бухороро сахт накӯҳиш мекард.

«Аҳмади Дониш як инсони тараққихоҳ ва ислоҳотпарвар  буд, ки ба ҷуз ҳақиқату адолат чизе намехост. Ғайр аз ин, ӯ дар ҷомеаи мадании Россия низ ҳамчун донишманд шинохта мешуд. Навиштаҳои ин мутафаккир дар байни хонандагон нисбат ба санъату маданияти пешқадами Россия ҳусни таваҷҷуҳ бедор карда буданд. Ӯ воқеан ҳам  дӯстии халқҳои Осиёи Миёнаву Россияро ташвиқу тарғиб намуда буд, ки ин амал имрӯз ҳам дар ҷомеаи мо метавонад намунаи ибрат бошад»,- хулоса намуд доктори илми филология, профессор Шарифмурод Исрофилниё.

   Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 28, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳргон иди ҷамъбасти тобистону тирамоҳ ва оғози фасли зимистон аст
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои олии Ҷумҳурии Маҷористон оғоз намуд
«МегаФон Тоҷикистон». Пешсафони дигаргуниҳо
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангал дар Тоҷикистон 102 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид