БА ХОТИРИ СОЛИМИИ МИЛЛАТ. Дар шаҳри Турсунзода фаъолияти 17 сартарошхонаю кошонаи ҳусн муваққатан боздошта шуд

Сентябрь 29, 2018 12:18

ТУРСУНЗОДА, 29.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Дар нуҳ моҳи соли равон  мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпдемиологии шаҳри Турсунзода  нисбат ба 49 нафар кормандони  сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва дандонпизишкҳои  шаҳр барои риоя накардани талаботи санитарию гигиенӣ санадҳои ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода,  онҳоро ҷарима намуданд. Тибқи иттилои директори  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода  Бахтиёр Нозилов, то имрӯз фаъолияти 7 нуқтаи дандонпизишкӣ  ва 17 сартарошхонаю кошонаҳои ҳусн то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта муваққатан боздошта шуд. 

Декани факултети дорусозии Муассисаи давлатии  Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода Мавзуна Иброҳимова иброз намуд, ки «дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    нисбат ба кори дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, бояд аз иҷозатнома маҳрум карда шаванд ва барои чунин амал ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад, саривақтӣ мебошад. Мо, омӯзгорону донишҷӯён онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем. Ҳикмати ин супоришҳои Пешвои миллат  таъмини   амнияти саломатии мардум ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯзҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ  аз тарафи масъулин ҳазорҳо номгӯй доруҳои муҳлати истифодаашон гузашта, пастсифат ва ба таври қочоқ воридшуда аз доруфурӯшон мусодира ва аз муомилот гирифта, нобуд карда мешаванд. Ин амал барои солимии миллат равона гардидааст».

Директори Маркази стоматологияи шаҳри Турсунзода Рустам Амиров мегӯяд, ки  «то имрӯз  зиёда аз 28 ҳазор нафар  беморон  ба мутахассисони маркази дандонпизишкӣ муроҷиат намудаанд ва ба онҳо 20 нафар табибони унвони дараҷаи олӣ дар сатҳи хуб хизмат расонида истодаанд.

Албатта, он эродҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба бемасъулиятии табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон  баён доштанд, ҳақиқат дорад. Мо, табибон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ҳамкорӣ  дорем.   Табибони дандонпизишки шаҳри Турсунзода дастуру пешниҳодҳои  судманди Пешвои миллатро  ҷонибдорӣ менамоянд.  Дар сурати ошкор гардидани ин гуна камбудиҳо  табибоне, ки ба савганди тиббии хӯрдаашон содиқ набуда, сабабгори ранҷи дигарон мегарданд, ҷазои сазовори хешро мебинанд».

 

Сентябрь 29, 2018 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд