БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 5

Сентябрь 1, 2018 09:04

ДУШАНБЕ, 01.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.   Бозиҳои ҳафтуми осиёии соли 1974 харитаи баргузории Бозиҳоро аз Шарқи Осиё ба Ғарб кашиданд. Агар аввалин Бозиҳо дар Ҳиндустон ҳанӯз соли 1951 гузашта бошанд, пас баъди 23 сол макони баргузорӣ ба Эрон кӯчид. Шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин БУРИЕВ шарҳ медиҳад.  

Теҳрон-пойтахти Эрон дар қатори шаҳрҳои Тел Авиви Исроил ва Кувайт Ситии давлати Кувайт дархости худро барои гузаронидани Бозиҳои ҳафтуми осиёӣ ба Кумитаи миллии Олимпии Осиё (баъдан номашро иваз карданд), ки масулияти гузаронидани Бозиҳоро ба дӯши худ гирифта буд, равон кард. 1-уми сентябри соли 1970 дар ҷараёни Бозиҳои шашуми осиёӣ Кумитаи миллии Олимпии Осиё барои интихоби ҷои баргузории бозиҳо миёни ин се шаҳр райъдиҳиро байни  аъзоёнаш ба миён гузошт. Дар марҳалаи аввали овоздиҳӣ Теҳрон 19 овоз, Кувайт Сити 12 ва Тел Авив 2 овоз гирифтанд ва дар овоздиҳии марҳалаи ниҳоӣ Теҳрон бар Кувайт Сити бо аксари овозҳо- 25 бар 9 ғолиб эълон омад. Ба ҳамин тартиб ҷойи гузаронидани Бозиҳои осиёии ҳафтум дар соли 1974 дар пойтахти Эрон-шаҳри Теҳрон интихоб шуд.

Даҳ моҳ қабл аз шурӯъи бозиҳо Федератсияи бозиҳои Осиёӣ дар нишасти худ ба қароре омад, ки Ҷумҳурии Чинро  (Тайван) аз Бозиҳои осиёӣ дар канор гузорад ва ба ҷои он Ҷумҳурии Халқии Хитой, чун намояндаи Чин иштирок кунад. Ду давлати дигар-Муғулистон ва Кореяи Шимолӣ бори аввал ба мусобиқа роҳ дода шуданд.

Ҳафтумин давраи Бозиҳои осиёӣ аз 1 сентябр то 16 сентябр бори аввал дар Ховари Миёна, дар шаҳри Теҳрон, дар Маҷмааи варзишии Ориёмеҳри пойтахти Эрон (ҳозира Варзишгоҳи Озодӣ) баргузор гардид. Ин Маҷмааи мӯҳташам 100 000 ҷои нишаст дошт ва соли 1971 маҳз барои гузаронидани Бозиҳои осиёӣ бунёд гардид.

Дар расми ифтитоҳи Бозиҳо шоҳи Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ ( Mohammad-Reza Pahlavi), Президенти Исроил Ифрейм Катзир ( Ephraim Katzir ), Президенти Кореяи Ҷанубӣ Парк Чун-ҳӣ ( Park Chung-hee), Малики Таиланд Бҳумибол Адулядиҷ ( Bhumibol Adulyadej) ва дигар шахсони расмӣ ширкат вазиданд. Бори аввал сарони кишварҳои зиёд ба Бозиҳои осиёӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда, ташриф оварданд.

Дар зӯрозмоиҳо 3024 варзишгар аз 25 давлати Осиё иштирок намуд, ки ин нишододи беҳтарин нисбат ба Бозиҳои қаблӣ буд.  Онҳо аз рӯи 16 намуди варзиш бо ҳам рақобат карданд. Намудҳои варзиши шамшеобозӣ, гимнастика ва баскетболи бонувон ба барномаи бозиҳо ҳамроҳ карда шуданд.

Намудҳои варзиш

. Бадминтон
· Баскетбол
· Бокс
· Гуштин
· Вазнбардорӣ
· Варзиши сабук
· Велосипедронӣ
· Волейбол
· Теннис
· Тенниси рӯи миз
· Тирпаронӣ
· Тӯббозӣ дар об
· Футбол
· Хоккей дар рӯи алаф
· Ҷаҳиш ба об
· Шиноварӣ

Ин навбат низ варзишгарони Япония пешсафиро аз даст надода, дар ҳама намудҳои варзиш ба дастовардҳои нав ба нав комёб шуданд. Аз 25 давлати иштирокдор ба 19-тоаш муяссар гардид, ки соҳиби медал шавад.  Гонконг, Баҳрайн, Ҷумҳурии Кхмер, Лаос, Непал ва Ветнами Ҷанубӣ  ягон медал ба даст наоварданд.

Натиҷаи Бозиҳои 7-V-уми осиёӣ дар Теҳрон

БОЗИҲОИ 8-УМИ ОСИЁ:

Бозиҳои ҳаштуми осиёиро низ мисли Бозиҳои шашум тақдири баҳампешидаю ташвишовар  истиқбол кард. Аз рӯи барномарезӣ ин Бозиҳо бояд дар Сингапур, соли 1978 барпо мегардиданд, аммо роҳбарияти ин кишвар ба азимати молиявӣ мубтало шуд ва аз гузаронидани бозиҳо даст кашид.  Кумитаи милии олимпии Осиё қарор кард, ки ин Бозиҳоро дар Исломобод-пойтахти Покистон таҳвил дода шавад, аммо Покистон низ муносибатҳои на онқадар хуби худро бо Ҳиндустон ва Бангладеш баҳона карда, ин падида ва имконияти олии мизбон шуданро рад кард. Дар ин қатор Банкок-пойтахти Таиланд  ба ҳайси ғамхору мушфиқ ва  наҷотбахш бори дигар худро нишон дода, розигӣ дод, то Бозиҳои осиёӣ бори дигар дар Таиланд гузаронида шаванд. Муқаррароти вақти гузаронидани зӯрозмоиҳо мисли ҳамон ду давраи бозиҳои пеш дар Банкок , аз 9 декабр то 20 декабр гузаронида шуданд.

Дар ин Азиада 3 852 варзишгар аз 25 давлати Осиё дар 19 риштаи варзиш иштирок карданд. Аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ ин навбат Исроил аз ҳаққи иштироок дар бозиҳо маҳрум карда шуд.

Намудҳои варзиш

. Бадминтон
· Баскетбол
· Бокс
· Вазнбардорӣ
· Варзиши сабук
· Велосипедронӣ
· Волейбол
· Гимнастика
·   Гуштин
·   Заврақронӣ
·   Теннис
·   Тенниси рӯи миз
·   Тирпаронӣ
·   Тӯббозӣ дар об
·   Футбол
·   Хоккей дар рӯи алаф
·   Ҷаҳиш ба об
·   Шамшербозӣ
·   Шиноварӣ

Мисли Бозиҳои осиёии гузашта ба 19 давлат муяссар гардид, ки соҳиби медалҳои мусобиқа гардад. Шаш давлат, аз ҷумла Бангладеш,Амороти Мутаҳидаи Араб, Қаттар, Арабистони Саудӣ, Непал  ва Баҳрайн аз медалҳо бенасиб монданд.

 

Сентябрь 1, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид