Дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ қариб 1700 иншооти таъйиноти гуногун сохта шудаанд

Сентябрь 17, 2018 10:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмон ва таъмиру навсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, бунёди 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг, 26 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша ворид гардидааст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ, ки 15 сентябри соли равон дар шаҳри Хоруғ доир гардид, баён доштанд.

Зикр гардид ки ҳоло аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ҳудуди вилоят сохтмони 26 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бунёди 4 иншооти муҳим идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодагӣ барои бунёди маҳаллаи нави аҳолинишин дар мавзеи Тем босуръат амалӣ шуда истодаанд.

Вобаста ба ин, Роҳбари давлат ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш доданд, ки навсозии се километр роҳи маркази шаҳри Хоруғ ва чароғонкунии онро дар муҳлатҳои наздиктарин амалӣ намояд.

Президенти ҷумҳурӣ аз рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ дар панҷ соли охир ёдовар шуда, зикр карданд, ки танҳо дар солҳои 2013-2018 аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои тараққиёти вилоят беш аз 4 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.

Умуман, дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба маблағи умумии 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ қариб 1700 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода супорида шудааст.

Дар ин муддат танҳо дар ноҳияи Шуғнон бо сарфи беш аз 270 миллион сомонӣ 301 иншооту биноҳои нав бунёд шуда, симои ноҳия имрӯз ба як шаҳри замонавӣ монанд гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ҷараёни сафари навбатии кории Президенти мамлакат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 иншооту биноҳои таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маъмурӣ ба истифода дода шуд, ки барои бунёду навсозии онҳо аз буҷети давлат ва дигар сарчашмаҳо 890 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо сохтмони якчанд иншооти дигар, аз ҷумла бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оғоз гардид.

Сентябрь 17, 2018 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд