Дар Қазоқистон ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашудаи Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 сентябри соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ баргузор гардид. Дар он тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашудаи Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода иштирок намуд. Ба иттилои манбаъ, дар доираи ҷаласа масъалаҳои Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба содагардонии расмиёти савдо, ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи савдо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва чораҳои ғайритарифии танзими савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
З. Завқизода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, содагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифӣ намуда, зикр кард, ки ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудаанд.
Инчунин дар ҷаласа бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ вобаста ба савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА Стратегияи миллии СПЕКА оид ба содагардонии савдо таҳия гардида, барои мувофиқа ба ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ирсол гардид.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад.








Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад






