Дар Душанбе ҳаққи хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳо тибқи нархномаҳои нав ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ҳаққи хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳоро тибқи нархномаҳои нав, ки бо шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мувофиқа гардидааст, барои аҳолӣ ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ аз 15 октябри соли 2018 ва барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январи соли 2019 ба роҳ мемонад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидааст, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, кам намудани талафоти он ва қарзҳои дебиторӣ, дар таҳрири нав бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо муштариёнро вобаста ба тағйироти баамаломада дар нархҳои хизматрасонӣ, беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва наздик намудани робита бо муштариён ҷиҳати пардохти пурраву саривақтии ҳақки хизматрасониҳо, коркарду амалӣ намудани усулҳои наву замонавии пардохти ҳаққи хизматрасониҳо, насб намудани ҳисобкунакҳои обӣ, инчунин чораҳои зарурии ивазнамоии қубурҳои фарсудашудаву ба сатҳи корношоямӣ расидаро дар доираи нақшаи чорабиниҳои алоҳидаи корхона роҳандозӣ намояд.
Дар қарори мазкур ҳамчунин омадааст, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» насби ҳисобкунакҳои обиро то охири соли 2018 ба 55 фоиз, то аввали моҳи майи соли 2019 то 70 фоиз ва то моҳи ноябри соли 2019 ба беш аз 85 фоиз таъмин намуда, ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро нишон медиҳад, ба роҳ монад.








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






