Дар Душанбе роҳҳои тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 24.09. 2018/АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Корея беш аз пеш густариш ёфта, сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея, ки моҳи апрели соли 2015 сурат гирифта буд, заминаро барои татбиқи барномаҳои стратегии Тоҷикистон- бунёди неругоҳҳои хурду миёна ва бузург, эҳёи «Роҳи бузурги абрешим» фароҳам оварда, ҳамкории ду кишварро ба сатҳи комилан нав ворид намояд. Ин нукта дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо Маҷлиси намояндагон Ким Сонг Тэ дар Душанбе зикр шуд.
Гуфта шуд, ки дар пешбурди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмӣ-техникӣ назаррас буда, барои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, саноат, энергетика имконияти бештар вуҷуд доранд.
Ш. Зуҳуров афзуд, ки Тоҷикистон ва Корея метавонанд бо сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду бузург ва хатҳои интиқоли барқ ва ҳам дар интиқоли он ба кишварҳои дигар нақши фаъол дошта бошанд. Таҷрибаи Корея дар татбиқи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои марбутаи Тоҷикистон қарор гирад. Бо мақсади ҷалби сармоягузорй ва таъсиси корхонахои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии Корея дар Тоҷикистон ниҳоят муфид аст. Инчунин ифтитоҳи Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОIСA) дар Тоҷикистон қобили дастгирист.
Бо дахли ҳамкории илмию фарҳангӣ байни ду давлат зикр шуд, ки соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маркази фарҳангии Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ гардида, соли 2016 дар Душанбе чорабинии фарҳангии «Корвон» бо иштироки гурӯҳи ҳунармандони мардумии Корея доир шуд. Ш. Зуҳуров ҳамзамон ба афзун намудани бурсияҳои таҳсил ба донишҷӯёни тоҷик дар доираи барномаи бурсиявии глобалии Корея (Global Korean Scholarship) таъкид намуд.
Инчунин имрӯз дар Душанбе мулоқоти аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея баргузор шуд. Дар он масъалаҳои тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея матраҳ гардиданд.








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






