Дар фарҷоми Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ 16 қарор қабул гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар фарҷоми Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Душанбе доир шуд, 16 қарор ва як қатор изҳорот қабул гардиданд. Миёни онҳо Изҳороти сарони давлатҳои ИДМ ба муносибати ҷашни 70-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948-ро метавон махсус зикр намуд. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуданд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «ин санад ҷонибдории ҳамешагии моро дар самти ҳавасмандгардонию ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ тасдиқ менамояд».
Таъкид гардид, ки дар ҷаласа ба таҳкими дурнамои ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла гардиши озоди мол, сармоягузорӣ ва хизматрасонӣ, ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.













Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»






