Дар фарҷоми Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ 16 қарор қабул гардид

Сентябрь 28, 2018 17:05

ДУШАНБЕ, 28.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар фарҷоми Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Душанбе доир  шуд,  16 қарор ва як қатор изҳорот қабул гардиданд. Миёни онҳо  Изҳороти сарони давлатҳои ИДМ ба муносибати ҷашни 70-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948-ро  метавон махсус зикр намуд. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуданд.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «ин санад ҷонибдории ҳамешагии моро дар самти ҳавасмандгардонию ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ тасдиқ менамояд».

Таъкид гардид, ки дар ҷаласа ба таҳкими дурнамои ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои таъмини амният ва чораҷӯии фаврӣ бар зидди таҳдидҳои глобалӣ, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла гардиши озоди мол, сармоягузорӣ ва хизматрасонӣ, ҳамкории фарҳангӣ ва  гуманитарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда  шуд.

 

Сентябрь 28, 2018 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»