Хонандагони деҳаи Паткуноби ноҳияи Дарвоз дар остонаи ҷашни Истиқлолият соҳиби бинои нави таълимӣ гардиданд
ХОРУҒ, 7.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 ноҳияи Дарвоз, ки чанд соли охир дар бинои садамавӣ мехонданд, акнун таҳсилро дар бинои хуштарҳу зебо ва замонавӣ идома медиҳанд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файз МИРАСАН иттилоъ дод.
Ба гуфтаи директори мактаби мазкур Муҳаммадӣ Зарипов, «бинои кӯҳнаро беш аз 40 сол пеш бо усули ҳашар сохта буданд. Солҳои охир дару девор ва бому шифти он комилан хароб гардида буд. Дар ин бино шароит барои гузаронидани дарсҳои асосӣ ва иловагӣ мавҷуд набуд. Бо кумаку дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мо соҳиби бинои нав гардидем».
Хишти аввали бинои мазкур моҳи апрели соли равон гузошта шуда буд. Барои бунёди он Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо карда, бинокорони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ноқилсохтмон» дар муддати бештар аз панҷ моҳ сохтмони биноро бо сифати хуб ба анҷом расониданд. Бинои нав барои таҳсили 120 хонанда пешбинӣ шуда, синфхонаҳо бо асбобу ашёи зарурии таълимӣ, аз ҷумла 25 компютер таъмин карда шуданд.
Ҳамаи синфхонаҳо дар фасли зимистон бо низоми нави гармидиҳӣ тавассути неруи барқ гарм карда мешаванд. Дар сурати қатъ гардидани неруи барқ ба синфхонаҳо гармӣ тавассути ангиштсанг интиқол дода мешавад.









ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






