«Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судҳои иқтисодӣ»-бо чунин унвон дар Суди Олии иқтисодӣ ҳамоиш баргузор гардид

Сентябрь 7, 2018 15:35

ДУШАНБЕ, 7.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили 27-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиш  доир гардид.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода, иброз дошт, ки мавзӯи  ҳамоиш аз «Истиқлолияи давлатӣ ва таҳкими ҳокимияти судҳои иқтисодӣ» иборат буд. Дар он муовинони раис, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раис, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Файзалӣ Комилӣ зикр  кард, ки бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва минбаъд ҳамасола 9 сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар даврони истиқлолият такмили қонунгузории вобаста ба фаъолияти судӣ аз замони расидан ба ваҳдати миллӣ ибтидо гирифт. То ба имрӯз дар раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қонунҳои нав қабул гардиданд, ки дар онҳо эҳтирому риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал меистад.

Боиси зикр аст, ки дар даврони истиқлолият барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, дар заминаи он сохторҳои судҳо такмил ёфта, барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2023 дар марҳилаи таҳия қарор дорад.

Дар ҳамоиш судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зумрад Баротзода дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самари он дар таҳкими ҳокимияти судӣ», судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷ. Одиназода дар мавзӯи «Нақши истиқлолияти давлатӣ дар таҳким ва рушди судҳои иқтисодӣ» ва мутахассиси пешбари раёсати судҳои Суди Олии иқтисодӣ Ф. Вализода дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва дастоварди он» маъруза карданд.

 

 

Сентябрь 7, 2018 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд