МАРҲАБО БА БОҒҲО! Шурӯъ аз шоми имрӯз дар муаасисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона оғоз меёбанд

Сентябрь 8, 2018 11:03

ДУШАНБЕ, 8.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 8-9 сентябри соли равон  дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангию ҳунарӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, субҳи 9 сентябр соати 9:00 дар боғи навбунёди фарҳангиву фароғатии ба номи Фирдавсӣ, боғи ба номи С. Айнӣ, майдончаи фарҳангиву фароғатии воқеъ дар хиёбони А.Сино ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои ҷолиби консертӣ баргузор мегарданд.

Шоми 9 сентябр, соати 18:30 дар Боғҳои фарҳангиву фароғатии Ирам, Фирдавсӣ, Парчами давлатӣ ва боғи ба номи С. Айнӣ барномаҳои ҳунарӣ манзури сокинон ва меҳмонони шаҳр хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, ки шоми имрӯз, 8 сентябр, соати 18:30 дар боғҳои Фирдавсӣ, С. Айнӣ, Парчами давлатӣ ва майдони 800-cолагии Москва баҳри болидахотирии сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе  барномаҳои идона ташкил карда мешаванд.

 

Сентябрь 8, 2018 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон