МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ НИЗОМИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН: дар Суғд мулоқоти вазирони мудофиа доир гардид

Сентябрь 21, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 21.09.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар доираи баргузории машқҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар гарнизони вилояти Суғд Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизовро пешвоз гирифт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов иттилоъ дод. Дар назар аст, ки вазирони мудофиаи ду кишвар — Шералӣ Мирзо ва Абдусалом Азизов қисми ҷамъбастии тамрини ҳарбиён —  «Бародарии шикастнопазир-2018»-ро назорат карда, ба он хотима мебахшанд.

«Аз 18 то 21 сентябр дар гарнизони вилояти Суғд машқҳои мукаммал бо ҷалби қувваҳову воситаҳои гарнизони Суғд баргузор шуданд, ки дар он аз се навъи қӯшунҳои низомии Вазорати дифоъ – хушкигард, бригадаи десантӣ, неруҳои ҳавоӣ, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд.

Дар машқҳои муштарак ҳудуди 17 ҳазор низомиён ва 100 техникаи ҳарбию 300 техникаи хоҷагӣ сафарбар шуда буданд. Давоми 27 соли истиқлолияти давлатӣ бори аввал аст, ки миёни артишҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машқҳои муштарак баргузор мегарданд»,-иброз намуд Ориф Нозимов.

Ҳадафи ташкили машқҳои низомии муштарак табодули таҷриба ва ҳамкории судманд арзёбӣ карда мешавад. Дар назар аст, ки имрӯз маросими ҷамбасти машқҳо баргузор гардида, иштирокчиёни фаъоли машқҳои муштарак бо ифтихорномаҳову туҳфаҳои ҳам Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Вазорати мудофиаи Ҷумҳрии Ӯзбекистон қадрдонӣ карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки тамринҳои муштараки низомии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар партави сиёсати бародарона ва дӯстонаи сарони ду давлат- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор карда шуданд.

 

Сентябрь 21, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид