МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ. Дар ин самт кӯчактарин омил таъсиргузор аст!
ДУШАНБЕ, 26.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзиши шеваҳои нави фаъолияти ифротгароӣ ва экстремизми байналмилалӣ, ҳамкории муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар роҳи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, таҳқиқи омилҳои таъсиррасон ва таҳияи барномаи муқовимат бо он аз мавзӯъҳои муҳиме буданд, ки намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳамоиши Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмавриди баҳс қарор доданд.
Шеваи нави фаъолияти ифротгароён: «муаллими англисӣ», «ҳамсари мусулмон» ва «китоби таълимии динӣ»
Охири соли 2017 аз маҳви гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» гузоришҳо паҳн гардид, аммо пас аз гузашти як муддати кӯтоҳ маълум шуд, ки озод кардани қаламрави Сурия ва Ироқ аз террористони ДИИШ поёни терроризм ва экстремизми байналмилалӣ нест. Аъзои фироркардаи ин гурӯҳ имрӯз ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн шуда, аз худ чун як созмони хавфноки ифротгаро дарак медиҳанд ва усулҳои муборизаи террористонаи худро дигар намудаанд. Имрӯз шеваи кори гурӯҳҳои ифротгаро ва террористиву экстремистӣ тағйир ёфта, онҳо мисли буқаламун ба замона хеле моҳирона мутобиқ мешаванд. Аз имкониятҳои муосир, аз ҷумла интернет хеле устокорона истифода намуда, роҳҳои нави ҷалб намудани сокинон ба сафи худро пайдо мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он дар ташвиш афтода, талош дорад усули самараноки мубориза ва муқовимат бо ин гуна гурӯҳҳои ҷиноиро пайдо намояд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ ба ин масъала хеле ҷиддӣ бархӯрд менамоянд.
Рустам Азизӣ, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чандин сол аст масъалаҳои ифротишавии ҷомеаро таҳқиқ менамояд, мегӯяд, ки агар солҳои қаблӣ ифротгароён асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шарҳҳову изҳороти тунду тез аз худ дарак дода, онро ба майдони таблиғу ташвиқ табдил дода буданд, имрӯз онҳо роҳҳои навро истифода карда истодаанд.
«Чанде пештар мақомоти амниятии кишвар чанд хонандаи мактабро дар сарҳад боздошт карданд, ки нияти сафар ба Афғонистон ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ-ро доштанд. Маълум шуд, ки ин наврасонро муаллими забони англисиашон ба ин кор ташвиқ карда будааст. Он муаллим дар яке аз сомонаҳои таблиғотии тоҷикӣ эълони дарси иловагии инглисӣ нашр кардааст. Пас аз он ки хоҳишмандони зиёд ба он таваҷҷуҳ карда, майли дарсхонӣ кардаанд ва маълумотномаи худро фиристодаанд, ӯ таҳлил ва пасон интихоб намудааст. Бо онҳо муддати муайяне кор карда, омӯхтааст ва ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намудааст. Худи ӯро низ бо ҳамин усул, яъне бо баҳонаи таълими дарси англисӣ ба гурӯҳи ифротгаро ҷалб кардаанд. Тариқи skype бо нафаре аз гурӯҳи тундгаро алоқа барпо карда, баъдан аъзои ин гурӯҳ мешавад ва ба ҷалби сокинони дигар мепардозад. Барои ин кор ӯ ҳудуди 17 ҳазор доллари амрикоӣ дастрас менамояд»,-иброз намуд Рустам Азизӣ.
Воқеан, бояд таъкид намуд, ки то ин замон кам касон ба эълонҳои ин сомонаи интернетӣ (он сомона расман фаъолият карда, яке аз майдонҳои маҷозии сермуштарӣ ба ҳисоб меравад) бо шубҳа менигаристанд. Чун он як сомонаи таблиғотӣ буда, фаъолияти сиёсӣ ё динӣ надорад. Аммо тавре мушоҳида мешавад, ифротгароён аз ин гуна майдонҳо хеле моҳирона истифода мебаранд.
Имрӯз бузургтарин шабакаҳои интернетӣ, аз қабили google ва facebook барномаҳои махсуси ҷустуҷӯкунандаи маводи дорои характери террористӣ-экстремистиро роҳандозӣ карда, кӯшиш доранд ин гуна матлабҳо дар интернет роҳ наёбанд. Аммо новобаста ба ин кӯшишҳои зиёд, боз ҳам мушоҳида мекунем, ки дар шабакаи интернет маводи зиёди таблиғкунандаи ифротгароӣ паҳн мешавад.
Маҳрам Маҳрамбеков, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи тӯли чанд муддат анҷомдодаи худ нақл кард, ки барои ҳар корбари шабакаи интернетӣ донистани он муҳим аст. Ӯ мегӯяд, ки имрӯз дар сомонаҳои гуногуни интернетӣ маводи таблиғотии дорои хусусияти террористиву экстремистӣ хеле пардапӯшона паҳн карда мешавад ва ҳар нафар метавонад ноогоҳона фирефтаи он шавад: «Таҳқиқи мо собит сохт, ки баъзе маводи дорои характери ифротгароёна бо муқоваи китобҳои дигар паҳн мешаванд. Зери муқоваи китоби хуби динӣ маводи мамнуъро ҷойгир мекунанд ва хонанда агар донишманди ин соҳа набошад, ҳатто дарк намекунад, ки ин китоби ба пиндошти ӯ динӣ, аслан маводи таблиғотии гурӯҳҳои ифротгароёна аст».
Раванди нави ифротишавии ҷомеа, ки аз назари аксарият дур мондааст, тундгаро шудани занон аст. Пӯшида нест, ки ҳазорҳо занони тоҷик ба Россия барои муҳоҷират мераванд ва аз ҷомеаи суннатӣ ва анъанавии тоҷик дур меафтанд. Зери таъсири муҳит ва ғояҳои бегона андешаву ҷаҳонбиниашон тағйир меёбад.
Зулайхо Усмонова, таҳлилгари масъалаҳои вобаста ба мушкили занон, ки ин масъаларо мӯшикофона омӯхтааст, иброз медорад, ки ифротишавии занон хатарноктар аз ифротишавии мардон аст.
«Баъзе аз занҳо пас аз муҳоҷират ифротгаро мешаванд. Баъд аз бозгашт рафтору кирдори онҳо дигар мешавад ва ҳатто шавҳарҳояшонро маҷбур мекунанд, ки риш монанд, ба либоспӯшии «мусулмонони ҳақиқӣ» пайравӣ намоянд ва ҳамеша ба масҷид раванд. Буданд ҳолатҳое, ки занҳо ба шавҳарҳояшон таҳдид кардаанд. Мегӯянд, ки агар ту мисли «мусулмони ҳақиқӣ» рафтор накунӣ, ман аз ту ҷудо мешавам. Ҳатто даъват ба ҷиҳод мекунанд. Фикр мекунам, радикалишавии занҳо хатарноктар аз мардҳо аст»,-мегӯяд Зулайхо Усмонова.
Омили таъсиррасон: иҷтимоӣ-равонӣ, на иқтисодӣ
То чанде пеш коршиносон омили асосии ифротгаро ва «ҷиҳодӣ» шудани сокинонро мушкили иқтисодӣ унвон мекарданд. Аммо имрӯз аксари онҳо ба хулосае омадаанд, ки радикалишавии ҷомеа бештар омили иҷтимоӣ – равонӣ дорад. Зеро вазъи зиндагии онҳое, ки мақомот боздошт кардаанд ё аз «ҷиҳод» баргардонидаанд, хуб аст. Ин нуктаро Рустам Азизӣ низ зикр карда, таъкид менамояд, ки ин паҳлӯи масъала бояд таҳқиқ карда шавад.
Маҳрам Маҳрамбеков омили ифротишавии ҷомеаро дар саводи кофии динӣ надоштани мардум медонад: «Террористон исломро пеш аз ҳама бар зидди худи дини мубини ислом истифода мекунанд. Мардуми одӣ инро дарк намекунанд ё барои фаҳмиши дурусти ин масъала душворӣ мекашанд. Арзишҳои воқеии исломро аз таблиғоти радикализм фарқ карда наметавонанд».
Лола Олимова, роҳбари дафтари Институти омӯзиши ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон яке аз омилҳои дигари ифротгароиро камранг шудани таъсири институти оила дар кишвар медонад: «Ҷавонон бештар ифротгаро мешаванд, зеро назорат аз болои онҳо кам аст. Волидон назорат намекунанд, ки фарзанди онҳо бо чӣ кор машғул аст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар кишвар таъсири институти оила камранг шуда истодааст».
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала фарохтар назар карда, онро бештар ба арзишҳои мо вобаста медонад: «Мо арзишҳои миллиамонро дуруст нашинохтаем. Зери таъсири арзишҳо ва фарҳанги бегона қарор гирифтаем. Арзишҳои тоҷиконаамонро аз исломӣ ва арзишҳои исломиро аз фарҳанги бегона бояд фарқ намоем».
Қадаме пештар… Омӯзиши «гашти навбатӣ»
Дар чунин шароит бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ифротгароӣ ва мубаллиғони онҳо чӣ гуна бархӯрд бояд кард, то ки пеши роҳи фаъолшавии онҳо гирифта шавад?
Рустам Азизӣ иброз медорад, ки мақомоти дахлдор ва ҳар яки мо бояд як қадам пештарро дида тавонем. Яъне, ғайр аз муқовимат бо фаъолияти кунунии онҳо, инчунин майдонҳо ва самтҳои фаъолияти эҳтимолии онҳоро омӯзем, таҳлил намоем ва омодаи муқовимат бошем.
Бояд гуфт, ки дар ҳар давлати ҷаҳон дар раванди мубориза бо ифротгароӣ ва терроризму экстремизм, гурӯҳ ё табақаи осебпазир (группа риск) муайян карда мешавад ва нафарони ба ин гурӯҳ воридгашта зери назорати доимӣ қарор доранд. (Нафароне ба ин гурӯҳ ворид мешаванд, ки бо ин ё он сабаб мавриди шубҳаи ниҳодҳои махсуси давлат қарор гирифтаанд). Дар Тоҷикистон ҳам, албатта, ин гурӯҳ мушаххас шудааст ва бояд иқрор шуд, ки дар ин самт мақомоти тоҷик фаъолияти босамар доранд. Аммо таҷрибаи содир кардани амалиёти террористӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам омили гумоштаҳои хуфта (спящие ячейки) нақши муҳим дорад. Рустам Азизӣ низ ин нуктаро махсус зикр карда, таъкид мекунад, ки ҳангоми мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро ин омилро набояд фаромӯш кард, чун онҳо хеле хатарноканд ва ҳар лаҳза метавонанд аз худ дарак диҳанд.
Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси тоҷик зарур мешуморад, ки усулҳои мубориза бо терроризму экстремизм таҷдиди назар карда шуда, такмил ёбад. Махсусан дар роҳи мубориза бо гурӯҳҳои дорои характери динии радикалӣ бояд шароити замони муосир ба инобат гирифта шавад. Ҳамкории мақомот бо институти ҷомеаи шаҳрвандиро яке аз роҳҳои муҳими муқовимат ё мубориза бо фаъолияти гурӯҳҳои ифротгаро меҳисобад.
«Дар роҳи муборизаи самаранок бо гурӯҳҳои ифротгаро мақомоти давлатӣ бояд аз институти ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода намояд. Ҳамкории мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад заминаи мустаҳкамеро барои муқовимат бо ифротгароӣ фароҳам орад»,-мегӯяд С. Қаландаров.
Муносибати духӯра. Террористро террорист бояд гуфт!
Ба андешаи коршиносон яке аз монеаҳои аслӣ дар самти мубориза бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ муносибати духӯраи давлатҳову созмонҳои алоҳида нисбат ба гурӯҳҳову ташкилотҳои террористиву экстремистӣ аст. Нафаре, ки дар як давлат террорист эълон шудааст, дар дигар давлат фаъоли ҷамъиятӣ муаррифӣ мешавад. Ин як мушкили аслӣ барои мақомоти амниятӣ гаштааст. Аз ин сабаб, нахуст бояд дар сатҳи ҷаҳон мушаххас карда шавад, ки террорист, эктремист ва ифротгаро кӣ аст.
«Дар бисёре аз давлатҳо Ҳизб-ут-таҳрир ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудааст, аммо аъзои он дар Лондон озодона фаъолият мекунанд ва ҳатто дафтар доранд. Агар як нафар дар Лондон аъзои ин ташкилот бошад, ҷиноят нест, аммо дар дигар давлат ӯ ҷинояткор ё террорист аст. Дар Германия, Франсия, Полша ва дигар давлатҳои аврупоӣ ташкилотҳои террористӣ озодона фаъолият менамоянд, дар ҳоле ки дар дигар давлатҳо фаъолияти онҳо манъ карда шуда, созмонҳои ҷиноӣ эълон шудаанд. Инро муносибати духӯра метавон гуфт, ки бояд аз байн бурда шавад»,-иброз медорад Маҳрам Маҳрамбеков.
Дарс ё марказҳои муқовимат бо ифротгароӣ
Албатта, бартараф намудани раванди ифротишавии ҷомеа дар як муддати кӯтоҳ ғайриимкон аст, аммо муқовимат ва кам кардани таъсири он воқеӣ ба назар мерасад. Барои ин коршиносон чанд пешниҳоди худро ироа менамоянд. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Маърифатнокӣ» Мансурҷон Ҳаётов таъсиси маркази муқовимат бо радикализмро дар назди мақомоти маҳаллӣ яке аз роҳҳои ҳалли мусбати мубориза бо ифротишавии ҷомеа медонад. Субҳиддин Зиёев, команди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ пешниҳод менамояд, ки дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дарсҳои махсуси мубориза бо ифротгароӣ ҷорӣ карда шаванд, зеро сабаби асосии ифротишавии одамон бесаводӣ аст.
Файзулло Баротзода низ ин пешниҳодро ҷонибдорӣ менамояд ва ёдрас мешавад, ки имрӯз аллакай дар тамоми қаламрави мамлакат дарсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо гузаронида мешавад, ки дар ҷараёни он роҳҳои муқовимат ва пешгирӣ аз ифротгароӣ шарҳ дода мешаванд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо ва кураторони гурӯҳҳо вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ хонандагони мактабҳову донишгоҳҳоро аз пайомади фоҷеаовари тундгароӣ дуруст огоҳ намоянд.
Рустам Азизӣ оид ба ин масъала жарфтар андеша ронда, идеяи миллиро ҳамчун ҷойгузини ғояҳои ифротгароӣ пешниҳод менамояд. Ӯ мегӯяд, ки яке аз сабабҳои рӯ задани проблемаи ифротгароӣ набудани ғояи миллӣ аст. Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи ғояи миллиро ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ёдрас карда, супориш дода буданд, ки он бояд таҳия карда шавад. Аммо мушоҳида мешавад, ки кор дар ин самт ба кундӣ пеш меравад ва стратегҳо ё марказҳои таҳлилии давлат дар самти таҳияи идеяи миллӣ ба хулосаи ниҳоӣ наомадаанд.
Сабаби асосии омода нашудани идеяи миллиро Рустам Азизӣ дар он мебинад, ки аксари ғояҳои пешниҳодшуда дар асоси арзишҳои қадимиву ғайривоқеӣ ва то андозае тахайюлӣ таҳия шудаанд: «Ғояи давлати Сомониён ва шоҳ Исмоили Сомонӣ хуб қабул шуд, аммо имрӯз бояд ғояи миллиро воқеӣ ё реалӣ кунем».
Мутахассис бояд омӯзад
Нуктаи муҳиме, ки аксари таҳлилгарон дар ҷараёни муқовимат бо ифротгароӣ таъкид менамоянд, омӯзиши ҷанбаи аслӣ ё «решаи мушкил» аст. Яъне бидуни омӯзиш ва донистани ангезаи аслӣ, наметавон проблемаро ҳал намуд, ҳамон тавре, ки бидуни ташхис наметавон беморро табобат кард. Пас оё имрӯз проблемаи ифротишавии ҷомеа мавриди омӯзиши хосса қарор гирифтааст ё не?
Лола Олимова мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ягон созмони ғайридавлатие нест, ки ба омӯзиши проблемаи ифротгароӣ ҷиддан машғул бошад. Баъзе аз институтҳои давлатӣ дар ин самт фаъолият мебаранд, аммо бояд созмони алоҳидае, ки ба таҳқиқи мушкили ифротгароӣ машғул бошад, сармоягузорӣ карда шавад.
Асал Абдураҳмонова, коршиноси соҳа аз Ҷумҳурии Қирғизистон таъкид менамояд, ки таҳқиқгарони ин мушкил низ бояд шинохта шаванд. Яъне давлат бояд ба онҳое кумак кунад, ки проблемаи ифротишавиро амиқ дарк мекунанд ва онро дуруст меомӯзанд. Дар акси ҳол маблағи давлат ҷудокарда беҳуда сарф хоҳад шуд.
Бархӯрди ифротгароёнае, ки нисбат ба аксҳои тасвирнамудаи рассом Марям Давлатова аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо мушоҳида шуд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷомеаи тоҷик ҳоло ҳам аз хатари радикализми исломӣ эмин нест. Ҷомеаи тоҷик ҳамчун ҷомеаи мусулмонӣ мавриди назари гурӯҳҳои ифротӣ боқӣ мемонад. Новобаста ба кӯшишҳои зиёд ҷомеаи тоҷик аз арзишҳое, чун таҳаммулгароӣ ба таври зарурӣ огоҳ нест ва ин онро осебпазир мегардонад.
Дар ҳоле, ки ифротгароён ба фаъолияти пинҳонкорӣ гузаштаву роҳҳои нави ҷалби сокинон ба сафи худро истифода менамоянд, роҳбарони онҳо аз дастгирии хадамоти махсуси давлатҳои абарқудрат бархӯрдоранд, кӯчактарин омил метавонад боиси эҷоди мушкили зиёд гардад. Пас, омӯзиши роҳҳои муқовимат бо ифротгароён ва бартараф намудани хатарҳо имрӯз хеле муҳим аст.
Барои ин на танҳо муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ, балки ҷомеаи кишвар низ набояд бетараф бошад!
Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»