Бо тоҷиконе, ки дар шаҳри Сочи фаъолият менамоянд, вохӯрӣ доир шуд

Ноябрь 17, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 17.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо тоҷикони муқими  шаҳри Сочи вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин ҳизб хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Маликшо Неъматзода оид ба вазъи имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамзамон ҳамватанон даъват карда шуданд, ки дар баробари риояи қонунҳои амалкунандаи кишвари иқомат бо одобу рафтори намунавияшон муаррифи ватани хеш бошанд.

АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 

 

Ноябрь 17, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд