Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» ба «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» табдил дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 4 сентябри соли 2018 Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иваз карда шуд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, ном ва матни қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 октябри соли 2017, №639 «Дар бораи тасдиқ намудани Оиннома, фонди музди меҳнати роҳбарият, басти воҳидҳои корӣ ва музди меҳнати кормандон, Низомнома дар бораи ҳавасмандгардонии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тағйири ном кард.
Мутобиқи қарори мазкур директори Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати ворид намудани тағйироти зарурӣ ва бо тартиби муқарраргардида дар мақомоти дахлдор ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






