Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев
ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Қазоқистон имрӯз яке аз шарикони асосии Тоҷикистон мебошад ва мо барои идомаи муколамаи созандаи шарикии стратегӣ манфиатдорем.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорию ҳамгироии давлатҳо дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноат карда, таъкид доштанд, ки натиҷаҳои ҷаласаи Шӯро дар таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши кишварҳо, омили таконбахш хоҳад гардид.
Ҳамкорӣ бо ин кишвари дӯст дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад ва Қазоқистон дар байни шарикони тиҷоратӣ аз руи ҳаҷми гардиши мол ба ҷойи дуюм баромад.
Фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва имзои Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ дар татбиқи мувофиқаҳои ба даст омада ва санадҳои имзошуда назаррас маънидод гардид.
Рушди ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармояи қазоқистонӣ, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ — гуманитарӣ, маориф, таъсиси квотаҳо барои донишҷуёни ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирӣ ва муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз қабили мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализми динию сиёсӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллии муташаккилро муҳокима карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






