МУЖДАИ ИСТИҚЛОЛ. Сокинони се деҳаи ноҳияи Деваштич соҳиби марказҳои саломатӣ шуданд

Сентябрь 8, 2018 09:28

ДУШАНБЕ, 08.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи  омодагӣ ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо супориши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ», ки аз тарафи  Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, дар чанд ноҳияи вилояти Суғд марказҳои саломатии деҳот мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,   чанде пеш  дар деҳаҳои Метк, Далёни поён ва Хуштоири мухлони ноҳияи Деваштич   марказҳои саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Сокинони ин деҳаҳо, фаъолону меҳмонон дар маросими ифтитоҳи ин муассисаҳои тандурустӣ ширкат варзида, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Ба гуфтаи кормандони  муассисаҳои тандурустӣ ва сокинон, аҳолии ин маҳалҳо  тӯли солҳои зиёд барои ташхису табобат ба маркази ноҳия ва вилоят мерафтанд, зеро дар деҳаҳои худашон имкони гирифтани хизматрасонии тиббӣ надоштанд.

Имрӯз ин муассисаҳои тиббие, ки ба истифода дода шудаанд,  биноҳои замонавӣ буда, ҳамчунин бо мебелу таҷҳизоти махсуси тиббӣ ҷиҳозонида шудаанд. Таъмин бо таҷҳизоти  лабораторӣ яке аз  пешравиҳои дигари ин марказҳост.

Зикр гардид, ки  дар муассисаҳои тандурустии баистифодадодашуда ҳамчунин  батареяҳои офтобӣ насб карда шуданд, ки барои таъмини доимии  муассисаҳо бо қувваи барқ имкон фароҳам меоваранд.

Бояд гуфт, ки   набудани таҷҳизоти лабораторӣ боиси  саргардонии бештари мардуми маҳал ва сари вақту дақиқ муайян нагардидани  бемориҳо мегардид. Бо  ворид гардидани ин таҷҳизот сокинони деҳот имкон пайдо карданд, ки дар маҳалли зисти худ сари вақт ва бо сифати баланд  ташхису табобат карда шаванд.

Дар маросими ифтитоҳи ин муассисаҳо раиси ноҳияи Деваштич ва масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд ширкат варзида, таъкид намуданд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин муассисаҳо ба маротиб боло рафта, табибони он дар самти ҳифзи сиҳатии мардуми кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Иншооти дигари тандурустӣ ба истиқболи таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияҳои Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

 

 

Сентябрь 8, 2018 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд