НУРИДДИН РИЗОӢ КИСТ? Хабарнигори ҷамъиятии АМИТ «Ховар» аз Туркия иттилоъ медиҳад
ДУШАНБЕ, 19.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре имрӯз хабар додем, ҳангоми суханронӣ дар нишасти солонаи САҲА дар Варшава узви фаъоли ташкилоти экстремистию террористии «Гурӯҳи 24» Нуриддин Ризоӣ бидуни овардани ягон асос ё далел изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба намояндагони ақалиятҳо, аз ҷумла аҳолии ӯзбекзабон фишор оварда мешавад. Вобаста ба дурӯғ ва туҳмат будани ин изҳорот имрӯз АМИТ «Ховар» муроҷиати аҳолии ӯзбекзабони вилояти Хатлонро ба нашр расонд.
Хонандагон ба мо занг зада, мепурсанд: Нуриддин Ризоӣ кӣ ва чикора аст?
Ба дасти хабарнигори ҷамъиятии мо маълумотномаи Анҷумани тоҷикон дар Туркия дар бораи Ризоӣ расид, ки онро дар зер пешниҳоди хонандагони худ мегардонем.
Муҳаммадсаид Ризоӣ узви фаъоли созмони террористии наҳзат буда, фарзанди ӯ Нуриддин Ризоӣ узви ташкилоти террористии «Гурӯҳи 24» ва фарзанди дигари ӯ Ғаниев Сироҷиддин (Ризоӣ) то ҳол барои ба кадом ташкилот ворид шуданаш қарор қабул накардааст.
Қобили зикр аст, ки ду созмони террористӣ- наҳзат ва «Гурӯҳи 24» миёни якдигар ихтилофҳои шадиди ақидавӣ ва молӣ доранд, вале бояд ба инобат гирифт, ки падар Муҳаммадсаид Ризоӣ дар вазифаи роҳбарии созмони террористии наҳзат ва писар Нуриддини Ризоӣ дар вазифаи роҳбарии ташкилоти террористии «Гурӯҳи 24» фаъолият менамоянд. Пас хулоса бояд намуд, ки миёни падари номуҳтарам ва фарзанди нохалаф ихтилофи шадид вуҷуд дорад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Сироҷиддин Ғаниев писари хурдӣ на аъзои наҳзат аст ва на аз «Гурӯҳи 24». Аз амали мазкур бармеояд, ки падари «бузургвор» ва бародари «бузург» натавонистанд Ғ.Сироҷиддинро ба худ моил созанд ва эҳтимол дорад Сироҷиддин ба хатоии падар ва бародар ҳамроҳ намегардад.
Аммо аҷиб он аст, ки Нуриддин Ризоӣ, ки касе ӯро ҳатто дар хонаводааш гӯш намекунад, аз минбари «баланди» САҲА мехоҳад миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иғво андозад. Албатта, ба сухани ӯ ҳатто бародараш Сироҷиддин Ғаниев ва ҳамсараш гӯш намедиҳанд, ҳатто падараш низ ба ҳоли ӯ механдад. Чун гуфтаҳои фарзанди номуҳтарам комилан нодуруст аст. Гузашта аз ин, аз гуфтаҳои Нуриддин Ризоӣ бармеояд, ки ӯ ҳатто аз таърихи Тоҷикистон хабар надорад, зеро аз рӯзи ба даст омадани истиқлолияти кишвари мо боре ҳам миёни миллатҳои гуногун нофаҳмиҳо рух надодаанд.
Дар Тоҷикистони азизи мо анъанаи хеле хуби урфӣ ҷорӣ шудааст, ки ҳатто эҳсос намегардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллатҳои ӯзбек, туркман, рус, араб, қирғиз ва ғайра ба сар мебаранд. Гузашта аз ин, миёни миллатҳои мазкур хонадорашавии духтарон ва писарони ҷавон авҷ гирифтааст, ки аз дӯстии қавии ин миллатҳо дарак медиҳад.
Албатта, шаҳрвандони мо хуб дар хотир доранд, ки Нуриддин Ризоӣ бо маблағи «ҳалоли» наҳзат дар кишварҳои хориҷӣ дарси шаттоҳӣ ва талбандагӣ омӯхтааст. Нуриддин дар замони “ҷавониаш” чорабиниҳои фарҳангии иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик дар Мисрро акс гирифта, бо тавсияи падараш аз шайхҳои араб пулҳои муайян дастрас мекард. Имрӯз усули кори худро тағйир дода, бо баромади «пурмуҳтаво» дар конфронси ба ном “ҳуқуқи башар”-и САҲА маблағи муайян ва паноҳандагии дарбадарии худро ҳифз кардан мехоҳад.
Вале мо ҳамчун шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия, ки аз миллатҳои ӯзбек, қирғиз, туркман, араб ва ғайра иборат ҳастем, қатъиян гуфтаҳои Нуриддин Ризоиро маҳкум намуда, аз ӯ талаб менамоем, ки аз номи мо, миллатҳо ба манфиати гурӯҳҳои террористӣ ва оилаи саргардонаш сухан нагӯяд. Мо, аъзои Анҷумани тоҷикон дар Туркия аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон талаб менамоем, ки Нуриддин Ризоӣ барои туҳматҳои беасосаш ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ҳамзамон Нуриддин Ризоӣ бояд аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои туҳматҳояш бахшиш пурсад.
Дар бораи оилаи Муҳаммадсаид Ризоӣ ва Нуриддин Ризоӣ суханҳои зиёд вуҷуд доранд, ки рӯзҳои наздик ба диққати хонандагони муҳтарам пешниҳод мегарданд.









Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?






