Ҷ. Нурмаҳмадзода: «Низоми бонкии мамлакат дар даврони Истиқлолият тадриҷан ба низоми ҷаҳонии бонкӣ шомил гардид»

Сентябрь 7, 2018 13:45

ДУШАНБЕ, 07.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият воқеан шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром буда, рамзи саодати миллат, давлати соҳибихтиёри миллӣ ва нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Ин матлабро  раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода  дирӯз зимни ҷамъомади  тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Тавре аз Бонки миллӣ хабар доданд,    Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт,  ки ташаккули низоми бонкдории ҷавобгӯ ба талаботи муосир дар Тоҷикистон низ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, ки он дар рушди иқтисодии мамлакат ҳамарӯза саҳм мегузорад. Маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон ду маротиба ислоҳоти пулӣ гузаронида шуда, кишвари мо соҳиби пули миллии худ гардид. Ин, бешубҳа, падидаи ниҳоят муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба шумор меравад.

Зикр шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ва умуман низоми бонкии мамлакат дар даврони Истиқлолият тадриҷан ба низоми ҷаҳонии бонкӣ шомил гардид. Ҳамкории наздик бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва узвият дар ҳайати баъзе аз ин ташкилотҳо ҳамкории низоми бонкии Тоҷикистонро бо низоми бонкии ҷаҳонӣ боз ҳам қавитар гардонд.

Дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати ин ҷашни фархунда   якгурӯҳ кормандони фаъоли Бонки миллӣ барои хизмати шоиста ва саҳми арзанда дар фаъолияти низоми бонкӣ бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

Сентябрь 7, 2018 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд