ОФАРИН! Дастаи мунтахаби Душанбе дар Олимпиадаи мегаполисҳо аз 18 шаҳру пойтахти бузурги ҷаҳон пеш гузашта, сазовори Ҷом гардид

Сентябрь 12, 2018 09:42

ДУШАНБЕ, 12.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.   Аз 2 то 9 сентябри соли равон  дар шаҳри Москва    миёни шаҳрҳои  бузург  ва пойтахтҳо  аз фанҳои математика, физика, химия ва информатика бори сеюм  Олимпиадаи мегаполисҳо доир гардид, ки дар он дастаи мунтахаби пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе  иштирок намуд.  Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз   Литсей-интернати тоҷикӣ-русии  «Ҳотам ва ПВ»  иттилоъ доданд.

Олимпиадаи мазкур бо ташаббуси мири  шаҳри Москва  Сергей Собянин баргузор гардида, дар он  аз    ҳар  як шаҳр   8 шогирд ва се устод  иштирок намуд.

Ба дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе  ин дафъа шогирдону устодони Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ», ки аксарият дорандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошанд ва борҳо дар олимпиадаҳои  бонуфузи байналмилалӣ ғолиб омадаанд, шомил буданд.

Хурсандиовар аст, ки дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе дар ҳарду қисми олимпиада  аз 18 шаҳру пойтахтҳои бузург, аз қабили Милан, Берлин, Мадрид, Франкфурт, Хелсинки, Байтулмуқаддас, Тел-Авив, Дюселдорф ва шаҳрҳои кишварҳои ҳамсоя пеш гузашта, сазовори Ҷоми дараҷаи сеюм ва таърифу таҳнияти зиёд гардид.

Тавре аз   Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ»  иттилоъ доданд, дар ин  комёбии даста  саҳми шогирдон Наимҷон Хонҷонов ва Шоҳрухи Муҳаммадҷон аз математика, Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов аз физика, Акмал Исматуллоев ва Нодир Аминзода аз химия, Рахшон Амонов ва Анушервон Бозоров аз информатика назаррас аст.

Дар олимпиада Наимҷон Хонҷонов ва Далер Пиров сазовори  медали нуқра шуда,  Шоҳрухи Муҳаммадҷон, Фараҳманд Ҳасанов, Рахшон Амонов ва Анушервон Бозоров сазовори медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Сентябрь 12, 2018 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад