Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Дар муддати 27 сол маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз 1 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 550 миллион сомонӣ расид»

Сентябрь 1, 2018 11:02

ДУШАНБЕ, 01.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар cаҳни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рӯи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино парда бардошта, дар таҷлили «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок карданд.

Пешвои миллат зимни суханронии худ дар ҳузури устодону донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур ва кормандони соҳаи тандурустӣ доир ба моҳияти сулҳ, аҳамияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар шароити кунунӣ, дастовардҳову камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ибрози назар карда, таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти Давлату Ҳукуматро ба ин соҳа таъкид намуданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат сол ба сол зиёд гардидани маблағгузории Ҳукумати мамлакатро ба соҳаи тандурустӣ ишора карда, зикр намуданд, ки «дар муддати 27  сол маблағгузории соҳа қариб 1600 баробар афзоиш ёфта, аз 1  миллион сомонии соли 1992 ба 1 миллиарду 550 миллион сомонӣ дар соли 2018 расидааст».

Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, музди меҳнати кормандони соҳа низ нисбат ба солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ 315 баробар афзоиш ёфтааст.

«Ҳукумати мамлакат тавассути 95 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ, дар маҷмӯъ, беш аз 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ равона намудааст», — афзуданд Пешвои миллат.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар даврони истиқлолият, дар маҷмӯъ, зиёда аз 1500 муассисаи тандурустӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, аз ҷумла, фақат дар панҷ соли охир беш аз 120 беморхона, 210 маркази саломатӣ, 80 дармонгоҳ, 250 бунгоҳи тиббӣ ва 56 корхонаву коргоҳҳои соҳа сохта, ба истифода супорида шудаанд.

Дар назар аст, ки дар се соли минбаъда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1000 муассисаи тиббии нав – марказу бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо, таваллудхонаҳо барои 10-15 кат, марказҳои ташхис, утоқҳои муҷаҳҳаз барои хатна бунёд ва бо таҷҳизоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин гардонида, ба истифодаи сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар супорида шаванд.

Сентябрь 1, 2018 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон