Президенти Қазоқистон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони давлатҳои ИДМ ба Тоҷикистон омад

Сентябрь 27, 2018 18:45

ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ истиқбол намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир мегардад.

Сентябрь 27, 2018 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»