Президенти мамлакат супориш доданд: «Дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, аз иҷозатнома маҳрум карда, барои чунин амал ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад»
ДУШАНБЕ, 01.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доир ба бурду бохт ва дигар паҳлӯҳои соҳаи тандурустии мамлакат ибрози андеша намуданд.
Сарвари давлат, аз ҷумла, дар муқоиса ба соли 2000 соли равон ба кишвар 18 баробар зиёд ворид гардидани маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро қайд намуда, изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳанӯз ҳам ба тариқи қочоқ ворид ва дар дорухонаҳо ба фурӯш баровардани маҳсулоти мазкур ба мушоҳида мерасанд.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки «танҳо дар шаш моҳи соли 2018-ум 92 тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишиву гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта ва бе сертификати мутобиқат нобуд карда шудаанд.Аз гузоришҳо маълум мегардад, ки қисме аз чунин маводи доруворӣ ба тариқи қочоқ ворид ва дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Мутобиқи иттилои Прокуратураи генералӣ солҳои охир шахсони алоҳидаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ бархилофи талаботи қонунгузорӣ, бе иҷозатнома, шаҳодатномаи сифат, бақайдгирии давлатии маводи доруворӣ ва аттестатсияи фаъолияти фармасевтӣ, яъне ғайриқонунӣ ба воридот, содирот, коркард, тайёр намудан, озмоиш ва фурӯши маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набуда машғуланд.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки дар масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайристандартӣ чораҷӯӣ намояд», -таъкид намуданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари давлат ҳамчунин аз бемасъулиятии табибон, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон изҳори ташвиш карданд.
Дар ин робита дастуру супориш доданд, ки «Дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, аз иҷозатнома маҳрум карда, барои чунин амал ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.Инчунин, барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки боиси ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ворид карда шавад».








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






