ПУЛИ МАЪНАВӢ МИЁНИ РОССИЯ ВА АМОРАТИ БУХОРО. Аҳмади Дониш собит кард, ки дар сурати аз таассуб орӣ будани дин он метавонад дар пешрафти илму маърифат ва рушди ҷомеа мусоидат намояд
ДУШАНБЕ, 30.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар дода будем, чанде пеш дар Душанбе боз як маркази хурраму зебо – Боғи фарҳангу фароғати Аҳмади Дониш мавриди истифода қарор дода шуд. Ба муаcсисаи навбунёди фарҳангӣ гузоштани номи ин адиб ва мутафаккири тоҷик бесабаб нест: Аҳмади Дониш яке аз қосидони нахустини маданияту тамаддуни нав дар ҳаёти халқи тоҷик дар асри 19 мебошад. Афкори сиёсию иҷтимоии Аҳмади Дониш имрӯз ва ҳазорсолаҳои дигар муҳиму арзишманд боқӣ мемонад. Осори илмию таърихии ӯ бедории фикрӣ, ҷунбишҳои маънависоз ва инқилоби мафкуравии миллиро ба вуҷуд овардааст.
Аҳмади Дониш тавассути асарҳои худ «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ва «Наводир-ул-вақоеъ» тавонист мардуми Осиёи Марказиро бо ҳаёти мардуми Россия ошно созад ва дар ташаккули ҷаҳоншиносии мардуми тоҷик таъсири хуб расонад. Махсусан дар мавриди раҳоӣ аз таассуби диниву мазҳабӣ афкору ақидаҳои пешқадами Аҳмади Дониш назир надоранд. Ин матлабро устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филология Саидумрон САИДОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.
Номбурда зикр кард, ки Аҳмади Дониш аз зумраи олимонест, ки ислом ва фалсафаро аз зери таъсири таассуб берун кашид ва собит кард, ки пешравии ҷомеа ба рушди маориф ва фарҳанг иртиботи қавӣ дорад. Аҳмади Дониш ҳамзамон тарғибгари илмҳои дунявӣ ва санъату ҳунари инсонӣ мебошад. Ӯ собит кард, ки дар сурати аз таассуб орӣ будани дин он метавонад дар пешрафти илм мусоидат намояд. Махсусан аз бар кардани илму ҳунар ва шеваи амалу рафтори мардуми Россия дар густариши маданият барои мардуми Осиёи Марказӣ муҳим аст. Сафарҳои ҳайати дарбор ба Россия агар қабл аз ҳама арзиши сиёсӣ ва иқтисодиро доро бошад, ҳузури Аҳмади Дониш дар ин гурӯҳ қимати маънавии онро таъмин намудааст. Ба иборати дигар, маҳз Аҳмади Дониш дар дӯстии халқҳои Осиёи Миёна ва Россия замина гузоштааст.
Аксари муҳаққиқони рӯзгор ва осори Аҳмади Дониш бар онанд, ки дар меҳвари фаъолияти илмӣ ва давлатии ин шахсияти нотакрори таърихӣ табдил додани Бухорои феодалӣ ба як кишвари пешрафтаву мутараққӣ меистод.
Ҷолиб ин аст, ки, -мегӯяд олими тоҷик,- як нафар меъмор ва муҳандиси одӣ ҳангоми сафар дар ҳайати Сафорати аморати Бухоро ба Петербург, гузашта аз масоили тахассусии худ ба зиндагӣ ва рӯзгори мардуми рус таваҷҷуҳ менамояд ва андешаҳояшро дар мавриди ислоҳоти давлатдорӣ дар Бухоро баён мекунад. Маълумоти Аҳмади Дониш дар барои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми рус фарогири масоиле буд, ки таваҷҷуҳи ҳукуматдоронро нисбат ба дигаргуниҳои ҷиддии дар Россия рухдода бедор кард.
Ноил шудани Аҳмади Дониш ба эътироф ва эътибори дарбори подшоҳи Россияро Саидумрон Саидов нишонаи бузургӣ ва донишмандии як нафар намояндаи миллати тоҷик номида, иброз намуд, ки Аҳмади Дониш як пули маънавӣ миёни кишвари Россия ва Аморати Бухоро мебошад. Ба андешаи ҳамсуҳбат, шахсияти нотакрор ва беназирии Аҳмади Дониш дар он зоҳир мешавад, ки ба хотири илм ва расидан ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне аз зиндони тафаккури ақибмонда наҷот додани мардум вай аз унвони фахрии илмии дарбори «уроқ», ки аз мансабҳои баланд маҳсуб мешуд, даст мекашад.
«Миллати тоҷик аз қадимулайём дар баробари дастовардҳои илмиву ҳунарии хеш аз таҷрибаву бозёфтҳои илмиву фарҳангии миллатҳои дигар бардоштҳои судманд анҷом додааст. Ҳадафи фарҳехтагони илму адаб аз ин амал пешбурди зиндагии мардум ва дар сатҳи шоиставу сазовор муаррифӣ кардани миллати хеш буд. Аҳмади Дониш аз зумраи он зубдагонест, ки мехост халқи тоҷик аз чоҳи ҷаҳолату таассуб берун бошанд ва дар радифи миллатҳои пешқадами олам қадам зананд»,-хулоса кард устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филология Саидумрон Саидов.
Таҳияи
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






