Рустам Азизӣ: «Ҷомеаи Аврупо тадриҷан аз собиқаи таърихии ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ* огоҳ мешавад»

Сентябрь 18, 2018 17:33

ДУШАНБЕ, 18.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо масъалаи дар нишасти анъанавии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) иштирок намудани роҳбар ва аъзои ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ», ки дар кишвари мо мамнуъ эълон шудааст, дар сархати расонаҳои дохиливу хориҷӣ қарор дорад. Иштирок ва  суханрониҳои  беасосу мунофиқонаи наҳзатиҳоро тамоми тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ маҳкум намуда, кормандони тамоми вазорату идораҳо,   ташкилоту муассисаҳо, созмону ҷамъиятҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа паёму номаҳо, муроҷиату изҳорот ва  андешаи худро дар воситаҳои ахбори омма ба нашр  мерасонанд.

Дар нишасти мазкур, ки чанд рӯз аст дар шаҳри Варшава- пойтахти Полша идома дорад, ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддини Зоҳидӣ иштирок намуд. 

Дар робита ба он, ки дар ин нишаст чӣ гуфта шуду чӣ гузашт,  хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршеди ХОВАР бо муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Рустам АЗИЗӢ, ки ба ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буд, суҳбат орост.  

Нишасти анъанавии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо як ҷамъомади анъанавӣ аст, ки ҳамасола доир мешавад ва дар ҳошияи он як қатор чорабиниҳои муҳими аслӣ ва канорӣ, инчунин вохӯриҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баргузор мегарданд. Чунин ибрози андеша намуд дар оғози суҳбат муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Рустам Азизӣ.

Ӯ гуфт: «Нишасти мазкур воқеан ҳам як чорабиние буд, ки ҳадаф аз баргузорияш ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои табодули афкор мебошад».

Рустам Азизӣ дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки ҷониби Тоҷикистон дар нишасти анъанавии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо бо якчанд ҳадаф ҳузур дошт.

«Ҳадафи аввал ин буд, ки бояд мавқеи расмии  Ҳукумат ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи матраҳшаванда баён карда шавад. Дуввум ин аст, ки ба ин ё он савол ё умуман шубҳаҳои пайдошуда, инчунин ба баъзе он туҳматҳое, ки буданд, посухи худро диҳанд»,-илова намуд ҳамсуҳбати мо.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни нишаст ҳайати расмии Тоҷикистон дар як қатор ҷаласаҳои намояндагони гурӯҳи корӣ оид ба вазъи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ, ҳолати риояи волоияти қонун ва ақаллиятҳои қавмиву миллӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди назар дар  Тоҷикистон гузориш ва ба саволҳои иштирокдорон посух дод.

Мавриди зикр аст, ки 13 сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Рустам Азизӣ дар ҷаласаи панҷуми нишасти болозикр баромад ва дар бораи баъзе гурӯҳҳое, ки дар асоси идеологияи хушунат, бадбиниву даъват ба зӯроварӣ дар асоси андешаи динӣ ва ақидаҳои сиёсӣ мавҷуданд, изҳори ташвиш намуда, ба гуфтаи худи ӯ «мавқеи Тоҷикистонро ба иштирокчиён расонид».

Худи ҳамон рӯз сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари мазкурро нашр намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми иқдомоти байналмилалӣ ва ҷаҳониро дар  робита ба муқовимат бар табъизи дорои хусусияти динӣ ва зидди яҳудият дастгирӣ менамояд.

Инчунин ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди имконияти майдони суханронӣ ба ТЭТ ҲНИ*, ки идеологияи он аз таблиғи нафрат ба дин, зӯроварӣ дар асосҳои динӣ, зидди яҳудият сарчашма мегирад, изҳори нигаронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷонибҳои  манфиатдорро ба масоили ҷойдошта ҷалб намуд».

«Боиси таассуф аст вақте, ки як ташкилот дар интишороти расмии худ, яъне аз номи ҳизб адабиёти гуногунеро бо теъдоди зиёд нашр карда, матолиберо расман интишор менамояд, ки рӯирост дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барангехтани кинаву адовати  миллӣ матлаб пешниҳод мекунад», — зикр намуд Рустам Азизӣ дар идомаи суҳбат ва илова кард: «Дар нишаст бо зикри санад,  саҳифаҳо ва солҳои нашри китобҳо оид ба намунаҳои зиёди бадбинӣ нисбат ба пайравони ҳамаи динҳо, аз ҷумла, пайравони дини ислом, масеҳиён ва яҳудиён маълумот пешниҳод намудем».

Номбурда дар идомаи суҳбат аз бори аввал огоҳ шудани бархе аз иштирокдорони нишасти анъанавии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ёдовар шуда, гуфт: «Воқеан ҳам баъзе аз ҷонибҳо чунин далелҳоро бори аввал шуниданд ва гуфтанд, ки «мо огоҳ набудем — ин ҳизбе, ки худро ҳамчун ҷабрдида ба мо ҷилва медиҳад, чунин идеология доштааст». Вақте ки ин чизро фаҳмиданд, аз ҷумла як қатор созмонҳое, ки алайҳи яҳудиситезӣ мубориза мебаранд, хостанд дар ин масъала ба онҳо маълумоти бештар пешниҳод кунем».

Месазад гуфт, ки дар шаҳри Варшава ҷониби Тоҷикистон дар мувофиқа бо сафоратҳои кишварҳои гуногун дар ҳошияи ин нишаст мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷониба доир намуд. Ғайр аз ин бо ташаббуси донишҷӯёни тоҷикистонӣ Конференсия оид ба пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистию террористӣ дар байни тоҷикистониёни муқими Ҷумҳурии Полша  баргузор гардид. 

Дар конфронси мазкур зикр гардид, ки имрӯзҳо дар нишасти анъанавии  САҲА дар Варшава аҳзоб ва гурӯҳҳое ширкат ва суханронӣ мекунанд, ки дар Тоҷикистон расман ташкилотҳои экстремистию террористӣ эълон шудаанд ва ин, албатта, ба ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфуз наметавонад халал ворид насозад.

Рустам Азизӣ зикр намуд, ки дар конфронси баргузорнамудаи онҳо профессори полшагӣ Марию Маршевский иштирок намуд, ки ӯ коршиноси бахши Осиёи Марказии Маркази тадқиқоти стратегии назди Вазорати корҳои хориҷии Полша аст. Ӯ сиёсати расмии Тоҷикистонро дастгирӣ ва аз баъзе хатарҳои гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ нигаронӣ намуд.

Имрӯз вазъи намояндагони ТЭТ ҲНИ* дар Аврупо чандон устувор нест, — чунин изҳор дошт дар идомаи суҳбат муовини директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Рустам Азизӣ ва гуфтаи худро бо ин далел асоснок ва хулоса намуд: «Ҷомеаи Аврупо оҳиста-оҳиста аз собиқаи таърихии ин ҳизби террористӣ-экстремистӣ* огоҳ шуда истодааст. Намояндагони онҳо ҳам дар ҷангҳо буданд ва ҳам адабиёти болозикрро паҳн менамуданд. Онҳо бояд ҳарчи зудтар аз собиқаи шахсияшон худро канда ва намояндагонашонро ба гурӯҳҳои гуногун тақсим кунанд, то ин ки агар  ҳизб бо чунин ном дар Аврупо мамнуъ шавад,  онҳо тавонанд дар онҷо амал кунанд».

_______________

*Мамнӯъ дар Тоҷикистон 

Сентябрь 18, 2018 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст
Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мешавад
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Давҳа бо роҳбари ширкати қатарии «Jusour» мулоқот намуд