Шореҳи сиёсии АМИТ «Ховар» имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Корманди нави мо – шореҳи сиёсии Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Хуршеди Ховар (Хуршед Андамов) имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷойгоҳи маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар низоми матбуоти тоҷики солҳои 1920-1930-и асри XX» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Ба гуфтаи Хуршеди Ховар, мавзӯъ тасодуфӣ интихоб нагардидааст. «Ман ҳамеша ба таърих, аз ҷумла ба таърихи рушди журналистикаи тоҷик шавқ доштам. Дар овони доншҷӯӣ вақти зиёди худро ба омӯзиши ин масъала бахшидам. Махсусан мавзӯи рисолаи дипломии ман ҳангоми хатми Донишгоҳ «Нақши аввалин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» буд. Дар курси 4-ум ба шаҳри Тошканд ба таҷрибаомӯзӣ рафтам ва дар онҷо шахсан ин маҷалларо дидам. Соли 1994 ҳамчун яке аз аввалин тадқиқотчӣ дидани маҷаллаи мазкур ба ман муяссар гардид»,- илова намуд Хуршеди Ховар.
Бояд гуфт, ки Хуршеди Ховар унвонҷӯи кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии профессор Абдусаттор Нуралиев ҳимоя намуд.
Соли 2017 нашриёти «Истеъдод»-и шаҳри Душанбе китоби «Раҳбари дониш»- маҷаллаи маорифӣ-адабӣ»- и Хуршеди Ховарро нашр намуд, ки онро Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ ба донишҷӯён тавсия намудааст.
Аз соли 2015 инҷониб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ мебошад.
Хуршед Андамов 45-сола буда, соли 1995 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст. Ӯ ба ҳайси муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Наврӯзи Ватан», хабарнигори бахши тоҷикии агентии иттилоотии «ИРНА» (ҶИЭ), радиои «Би-би-си» (Британияи Кабир), хабарнигор ва мудири Дафтари радиои «Озодӣ» (ИМА) дар Душанбе кор кардааст.
Аз 1 августи соли 2018 дар вазифаи шореҳи сиёсии АМИТ «Ховар» фаъолият мекунад.
Роҳбарият ва кормандони АМИТ «Ховар» ҳамкори худро барои бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаи номзадияш самимона табрик намуда, таманно доранд, ки дар ҷодаи илм ва касби рӯзноманигорӣ ба фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар шарафёб гардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд






