Соли 2021 Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳои баланд дод.
Ӯ пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Қасри миллат баргузор гардид, барои доираи васеи хабарнигорон изҳороти матбуоти доир намуд.
С. Лебедев ҳамчунин иброз дошт, ки дар ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар бораи эълон намудани соли 2021 Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ ва инчунин додани мақоми пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021 ба шаҳри Душанбе қарорҳо қабул хоҳанд шуд.
Инчунин ба иттилои номбурда, дар ҷаласаи мазкур сарони давлатҳо доир ба ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод табодули афкор намуда, масоили раёсат дар Иттиҳод, макон ва замони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ро баррасӣ мекунанд.
Илова бар ин, дар доираи ҷаласа маҷмӯи масоили марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои асосии фаъолияти Иттиҳод мавриди муҳокима қарор мегирад.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






