ТОҶИКИСТОНИ ОЗОДИ МАН! Бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2018 13:41

“Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад”.

 Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 07.09.2018 /АМИТ “Ховар”/. Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва бошукӯҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист. Миллати мо дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмат даст ёфт ва аз он замон то кунун ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Гарчанде мо иду ҷашнҳои бисёр дорем, бешак ҷашни Истиқлолият муҳимтарини онҳост, зеро Истиқлол аст, ки дигар ҷашнҳо мазмуну муҳтаво меёбанд ва умуман зиндагӣ маъно пайдо мекунад. Истиқлолияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, мустақилона рушд кардани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин шарафу номуси ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва талошу муборизаи бардавоми ҳар як фарди бонангу номус ба хотири ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон аст.

Инак, Истиқлолияти мо 27 — сола шуд ва Тоҷикистони мустақилу озод таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осуда рӯз то рӯз дар арсаи дохилӣ ва хориҷӣ ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардад. Бояд амиқ дарк намоем, ки он муваффақиятҳое, ки имрӯз мо дорем, ба осонӣ ба даст наомадаанд. Барои ба ин рӯз расидан, махсусан барои ҳифзи Истиқлолият миллати мо рӯзҳои душвореро аз сар гузаронид ва ранҷҳои зиёде кашид. Пӯшида нест, ки то Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри соли 1992) ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ, аз Истиқлолият тақрибан ному нишоне набуд ва мардум бар асари нооромию парокандагӣ рӯҳияи истиқлолро эҳсос ҳам намекарданд. Ин марди наҷиб ва ин фарзанди фарзонаи миллат пас аз рӯи кор омадан тадриҷан оташи даргириро хомӯш кард, миллатро сарҷамъ намуд, Тоҷикистонро аз хатари парокандашавӣ наҷот дод ва Истиқлолияти давлатиро ба маънои томаш таъмин карданд.

Нигоҳи кӯтоҳе ба рӯйдодҳои даҳаи навади асри гузашта фазои он замонро пеши назар ҷилвагар месозад ва талошҳои Пешвои миллатро барои ҳифзи Истиқлол барои насли имрӯза бозгӯ мекунад. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум бо қарори худ 9-уми сентябрро Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон эълон кард ва ин сана дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун рӯзи миллӣ сабт гардида, аз он рӯз эътиборан дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақиле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд.

Мутаассифона ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ва ин воқеаи сарнавиштсоз, ки орзӯи ҳамешагии ҳар миллати озодаву ворастааст, натавонист миллатро сарҷамъ намояд. Ихтилофи дидгоҳҳо, якдигарнофаҳмӣ, таҳаммулнопазирӣ, хусуматҳои шахсию маҳаллии дар он солҳо аллакай ҷомаи сиёсӣ бар тан карда, фазои умумии кишварро чунон ғуборолуд карда буданд, ки миллат натавонист шаҳди ин неъмати худод — Истиқлолро дар коми худ эҳсос намояд.

Дар мамлакат ба ҷои таҳкиму такмили пояҳои давлатдории мавҷуда ихтилофу низоъ қувват мегирифт. Қувваҳои оппозитсионӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ саъй доштанд, зимоми кишварро ба даст гирифта, идеологияи бегонаро болои миллати мо ҳоким созанд. Ин гуна талоши зиддимиллӣ ва зиддидавлатии оппозитсияи исломӣ зери роҳбарии ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ боиси норозигӣ ва муқовимати неруҳои солими ҷомеа гардида, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Бо мақсади хотима додан ба буҳрон Ҳукумати муросои миллӣ ё эътилофӣ аз 14 майи соли 1992 бо шомил шудани теъдоде аз намояндагони мухолифин ташкил ёфт, вале ин ҳукумат аз уҳдаи хомӯш кардани оташи ҷанг ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ баромада натавонист. Ҳазорон нафар ҷойи истиқоматии худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя ва Россия фирор карданд. Теъдоди муҳоҷирони дохилӣ ҳам (онҳое, ки ба минтақаҳои амнтари ҷумҳурӣ фирор карда буданд), аз як миллион нафар гузашт.

Оморҳое, ки баъдан дар бораи ин фоҷеаи миллӣ — ҷанги шаҳрвандӣ мунташир шуданд, басо ғамангез ва такондиҳандаанд: беш аз 150 000 нафар кушта шуд, 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонда, садҳо биною иншоот, корхонаю фабрикаҳо, муассисаҳои тиббӣ, маориф ва идораҳои давлатӣ харобу валангор гардиданд ва дар маҷмуъ зарари моддии ин ҷанг қариб 10 млрд. доллари америкоиро ташкил дод.

Дар чунин шароити душвор вакилони мардумӣ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузургеро ба душ гирифта,  16 — уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳумро баргузор намуданд. Хушбахтона, Шӯрои Олӣ бо интихоби роҳбари нав дар симои Эмомалӣ Раҳмон, тавонист роҳи муайянеро дар пешорӯи кишвар қарор диҳад.

Ҳамин тариқ, дар он рӯзҳо, ки Тоҷикистони зебои мо дар оташ месӯхт, ба бахти миллат Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии кишвари ҷангзада ва миллати парокандаро ба дӯш гирифта, оташи ҷангро хомӯш сохт ва мардумро сарҷамъ намуд. Ӯ аз аввалин рӯзи ба даст гирифтани роҳбарии кишвар барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро ҳадафи аслии худ эълон карданд ва мардумро дар дохилу хориҷ ба муттаҳид шудан дар атрофи идеяи ваҳдат даъват намуданд.

Раиси нави Шӯрои Олӣ савганд ёд карданд, ки “…кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…”. Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хизматҳояшон дар назди халқу Ватан пурра собит намуданд, зеро аз ҳамон ибтидо роҳи аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро дар пеш гирифтанд.

Дар ҳамаи кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, пас аз солҳои навади асри 20 пастравии иқтисодӣ ба назар мерасид, вале дар Тоҷикистон бар асари нооромиҳои сиёсӣ ва баъдан низомӣ ин пастравӣ бо бештарин суръат идома меёфт. Махсусан, дар соли 1992 вазъи иқтисодӣ ба ҳадде расид, ки онро иқтисоддонҳо “фоҷеаи иқтисодӣ” номиданд. Зеро кишвар дар ҳолати беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ қарор дошта, аз як тараф истеҳсолоти давлатӣ ва хусусӣ амал намекард ва аз тарафи дигар баъзе гурӯҳҳои иқтисодии дохиливу хориҷӣ бо истифода аз ин вазъият ба тороҷи сарватҳои миллӣ машғул буданд. Баъди баргузории Иҷлосияи 16-ум ва рӯи кор омадани ҳукумати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ тағйир ёфтанд. Аз ҳама муҳим ин, ки суръати пастравӣ боздошта шуд ва ин аз назари коршиносони иқтисодӣ нишонаи бозгашти қонуният дар кишвар ва умед ба оянда буд. Бозгашти гурезагон, оташбаси сартосарӣ, ободсозии харобаҳои ҷанг ва дигар корҳои муҳиме, ки заминасози сулҳи умумианд, аз моҳҳои аввали пас аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ шуруъ шуданд.

Оҳиста — оҳиста вайронаҳо обод карда шуданд, дар сохторҳои гуногуни давлатӣ тағйиру иловаҳо ворид гардид, артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ таъсис ёфт. Ин амр имконият дод, ки пояҳои аввалини аркони давлатдории тоҷикон дар асри 20 мустаҳкам шуда, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё гардад, гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Тоҷикистон баргардонида шаванд, заминаҳои устувори ҳуқуқиву сиёсӣ фароҳам гардид, ниҳоят сулҳу субот ба вуҷуд ояд. Ҳамагон фаҳмиданд ва дарк намуданд, ки танҳо бо роҳи сулҳу салоҳ метавонанд ваҳдати миллиро таҳким бахшанд, миллатро зинда кунанд, эҳтирому обрӯйи Ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд ва насли навро дар рӯҳияи соҳибистиқлолӣ, муҳаббат ба марзу бум, ба таъриху адабиёту фарҳангу забони модарӣ, пешрафти ҷомеаи демократӣ, худшиносии миллӣ ва арзишҳои суннатӣ тарбия намоянд.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз мебошад. 6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Конститутсия ҳамчун шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кард. Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором вакилони мардумӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” — ро қабул намуданд. Қабули Парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Нишони давлатӣ баёнгари соҳибихтиёрии давлат буда, дар дохил ва хориҷи он тавассути ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ягонагӣ ва мустақилияти давлат, шахсияти шаҳрвандон ва моликияти кишварро собит менамояд ва бинобар ин, яке аз муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад. Тасвиру рамзҳои Нишони давлатии мо баёнгари таърихи қадима ва иқлими камназири мамлакат буда, кӯҳҳои сарбаланд бо қуллаҳои худ ишора ба куҳсори тоҷик, шуълаи хуршед нишонаи иқлими офтобии кишвар, шаҳодати нури зиё ва равшаниву шукуфоӣ, тоҷи зарин рамзи фарру шукуҳ бар сари миллат ва ҳафт ситора гувоҳи ҳафт иқлим ва орзуву омоли нек ба сӯйи ояндаи ободу осуда мебошанд.

Суруди миллӣ ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ зимни маросиму чорабиниҳои сиёсию давлатӣ дар оғоз ва анҷом садо медиҳад. Дар ҳамоишҳои бузурги варзишӣ бошад, ҳангоми ҳимояи шаъну шарафи давлату миллати тоҷик аз тарафи паҳлавонони баору номус дар кишварҳои хориҷ бо баланд бардоштани парчами давлатӣ садояш танинандоз мегардад.

Дар замони истиқлолият бо мақсади такмили минбаъдаи низоми пулӣ ва дар ин замина баланд бардоштани нақши пули миллӣ дар иқтисодиёти мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иваз намудани рубли тоҷикӣ ба пули нави миллӣ ба имзо расид, ки мутобиқи он аз 30 октябри соли 2000 воҳиди нави пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “СОМОНӢ” ба муомилот бароварда шуд.

Пули миллӣ бойигарӣ ва сарвати миллист, обрӯю эътибори миллат аст, ки аз ба даст овардани истиқлолият сарчашма мегирад.

Дар замони Истиқлолият дар бахши иқтисодию иҷтимоӣ дигаргуниҳои азим ба вуқуъ пайвастанд, ки симои шаҳру ноҳияҳои моро ба куллӣ дигар карда, ваҳдати миллиамонро таҳким бахшиданд. Барои ба кишвари тараққикардаву аз ҳар ҷиҳат пешрафта мубаддал кардани Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои расидан ба орзуҳои некро интихоб намуданд, ки инҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Тавассути роҳҳо ба ҳам васл намудани тамоми минтақаҳои кишвар, таъмини рушди баробари саноатию аграрии онҳо, таҳкими равобити гуногунҷанбаи иқтисодию хоҷагии миёни шаҳру ноҳияҳо аз ҳамон ҷумлаанд, ки дар ташаккули ваҳдати миллиамон хидмат хоҳанд кард.

Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ду неругоҳи барқи обӣ — “Сангтуда-1” ва “Сангтуда-2” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имрӯзҳо сохтмони Неругоҳи Барқи Обии “Роғун” босуръат идома дорад. Қабули “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар давоми солҳои 2009 — 2020” раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат тавсеа бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил хоҳад дод.

Дар бахши раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ шоҳроҳи бузурги “Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ” ҳамчун бахши муҳими Роҳи бузурги абрешим эҳё ва муҳимтарин василаи пайванди вилояти Суғд бо минтақаҳои кишвар дар ҳама фасли сол гардид. Сохтмони роҳи оҳани “Қӯрғонтеппа-Кӯлоб”, роҳи мошингарди “Кӯлоб-Хоруғ — Кулма — Қароқурум”, нақбҳои “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон”, “Озодӣ”, конҳои гази Хоҷасартез, Хоҷабоқирғон, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва азнавсозии фурудгоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, ба кор андохтани як қатор иншооти хурду бузурги саноатӣ дар деҳот ва шаҳру вилоятҳо, ободонии маҳалҳои истиқоматӣ, азнавсозии роҳу купрукҳои харобшуда, махсусан дар водиҳои Рашту Вахш, таъсиси даҳҳо корхонаи муштарак бо кишварҳои хориҷӣ дар саросари ҷумҳурӣ низ самараи Истиқлолият ва Ваҳдат дар кишвар аст. Мушкили иртиботӣ миёни маҳалҳо батадриҷ ҳалли худро ёфта, дар натиҷа вилоятҳо ва ноҳияҳои кишвар дар тамоми фаслҳои сол бо алоқаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионии боэътимод таъмин гардиданд. Ин роҳҳо на танҳо барои рафту омаду муошират хизмат мекунанд, балки боиси ташаккули муносибатҳои иқтисодии устувори минтақаҳо гардида, дар натиҷа манфиатҳои иқтисодии умумиро  ба вуҷуд меоранд ва омили муҳимтарини ваҳдати миллӣ мегарданд.

Самти сеюми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба татбиқи он низ корҳои муҳиму назаррас анҷом ёфтаанд, таъмини амнияти озуқаворист.

Аз рӯзҳои аввали роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли мушкилоти мардум аз нарасидани маводи ғизоӣ 75 ҳазор гектар заминро ба шаҳрвандон тақсим карданд, то аҳолӣ тавонад бо истифодаи самаранок аз замин соҳиби ризқу рӯзӣ шавад.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ислоҳот ворид карда шуд. Дар соҳаи кишоварзӣ шаклҳои нави хоҷагидорӣ ҷорӣ гардид. Хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ таъсис ёфта, мардум бо ҷойи кор таъмин шуданд. Вобаста ба рушди соҳаи таъминкунандаи маводи ниёзи аввал аз ҷониби Сарвари давлат барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул гардиданд. Тавассути татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ ба рушди соҳаи чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳидорӣ, занбуриасалпарварӣ, тухмипарварӣ, бунёди боғҳои нав, ба гардиш даровардани заминҳои кишт, обёрии заминҳо, содироти меваю сабзавот, хушкмеваҳо, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ заминаҳои мусоид фароҳам омад.

Корхонаҳои зиёди истеҳсоли саноатӣ ифтитоҳ гардида, шумораи зиёди ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд. Баробари бунёди корхонаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар гушаҳои кишвар акнун коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ — маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуд. Вобаста ба талабот ба ҳосили сабзавоту полезӣ, меваю хушкмеваҳо, асали хушсифат ва дигар маҳсулоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгу содироти ин маҳсулот ба хориҷ хуб ба роҳ монда шуд.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳсолоти саноатӣ — пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.

Тайи солҳои Истиқлолият дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳи низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд.

Далели возеҳи ин гуфтаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани калонтарин Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, Корхонаи бузурги истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат, корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр семент”, “Моҳир семент” дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маҳсулоти маъдани кӯҳӣ ва дигар молу маводи саноатию кишоварзии ба содирот нигаронидашудаи Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркия ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад.

Нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ аз се самти асосӣ — дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ иборат мебошанд.

Ҳукумати мамлакат барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои мазкур барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро амалӣ карда, ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардидааст.

Махсусан, дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, ислоҳот ва навсозӣ пеш бурда мешавад. Ҳадафи стратегии сиёсати иҷтимоии давлат дар соҳаи маориф ба он равона гардидааст, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо ба омӯзиши назариявии фанҳои алоҳида маҳдуд нашуда, дар баробари корҳои амаливу озмоишӣ, инчунин, бояд соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир бошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои охир бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимии дорои шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникиро вусъат бахшида истодааст. Зеро баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат вазифаи аввалиндараҷаи давлат, Ҳукумати мамлакат ва аҳли маориф ба ҳисоб меравад.

Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ даҳҳо муассисаҳои нави тандурустии дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст.

Дар кишвар ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтӣ амалӣ мегарданд.

Мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар ба масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, дар тафаккури мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегарданд.

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар даҳ соли охир Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллӣ бунёд гардида, бинои аксари театрҳои касбӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ дар мамлакат, аз ҷумла ду театри академӣ дар шаҳри Душанбе аз таъмири асосӣ бароварда шуданд ва дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат беш аз 20 театр ва қасру марказҳои муосиру муҷаҳҳази фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар ҷумҳурӣ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти ғании аҷдодон “Соли тамаддуни ориёӣ”, “2500 — солагии Истаравшан”, “2700 — солагии Кӯлоб” , “3000 — солагии Ҳисор” ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ ба таври хосу хотирмон ва бошукуҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардиданд.

Бо нигоҳи воқеъбинона ба созандагиҳо ва бунёдкориҳои имрӯз, дармеёбем, ки дар ҳақиқат тайи солҳои Истиқлолият қадамҳои бузурге дар роҳи пешрафту шукуфоии кишвар гузошта шудаанд. Дар ин муддат тарҳҳои бузурге ба иҷро расидаанд, ки дар замони шӯравӣ касе дар бораашон фикр намекард ва ё солҳо рӯйи қоғаз мехобиданд.

Тавре маълум аст, дар сатҳи байналмилалӣ маҳз ҳамон кишваре нақш иҷро карда метавонад, ки дар сиёсати дохилӣ муваффақ ва аз суботи комил, ваҳдат ва якпорчагӣ бархӯрдор бошад. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат аз ибтидо ба масъалаи рушди робитаҳои байналхалқӣ ва пешбурди сиёсати хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ буда, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад. Кишвари мо, инчунин дар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, монанди Комиссияи маводи мухаддир барои солҳои 2014 — 2017 ва Комиссияи мақоми зан барои солҳои 2014 — 2018 узвият дошта, фаъолияти самаранок мебарад. Соли 2016 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ЭКОСОК) интихоб гардид. Ин як дастоварди дигари байналмилалӣ ва нишонаи обрӯ ва эътибори кишвари мост. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беш аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ аъзо шуда, уҳдадориҳои худро дар мавриди расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонӣ, аз қабили рушди иҷтимоӣ, беҳбуди вазъи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли он иҷро менамояд.

Дар даврони 27 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашаванда ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи сиёсати бобарори хориҷии худ бо аксари кишварҳои олам муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монд. Имрӯзҳо равобити дуҷониба бо кишварҳои хориҷ ба хотири рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва ҳамҷаворӣ ба манфиати мардуми мамлакат самараҳои нек ба бор овардааст.

Яке аз намунаҳои олии муносибатҳои дӯстию ҳамҷаворӣ ва шарикиии стратегиро метавонем дар муносибатҳои судманди ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистону Ӯзбекистон мисол орем.

Соли 2018 зимни сафарҳои ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон байни ду ҷониб беш аз 50 санади муҳим ба имзо расид. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки санадҳои имзошуда тамоми соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар гирифта, ба аз байн бурдани ҳамаи мушкилоту монеаҳо ва омилҳои халалрасони рушди муносибатҳои дӯстию бародарии халқҳо хотима гузошт.

Сафари давлатии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муносибатҳои сиёсии ду кишвар саҳифаи наверо боз карда, бо натиҷаҳои бобарору пурарзиш дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шуд.

Натиҷаи бобарори сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзои “Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” мебошад, ки дар роҳи баҳамоии давлатҳо ва миллатҳо саҳми арзанда гузошт. Муносибатҳои давлатҳоро ба сатҳу сифати баланд баровард. Бо талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳарду кишвар ба сатҳи шарикии стратегӣ баромаданд.

Сафарҳои давлатии ҷавобии сарони давлатҳо, имзои санадҳо, баргузории бизнес — форумҳо, намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии кишварҳо, барномаҳои фарҳангии шоми дӯстӣ дар ҳарду давлат, кушодани 16 гузаргоҳи сарҳадии байниҷумҳуриҳо, барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ, роҳҳои мошингузар, фаъолияти назарраси Комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар омилҳо имкон фароҳам оварданд, ки халқи тоҷику ӯзбек боз ба ҳам оянд, рафтуомади хешутабориро аз нав ба роҳ монанд.

Рӯзҳои 30-31 августи соли 2018 дар таърихи муносибатҳои накуи дӯстию ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як руйдоди муҳиму фараҳбахш ба вуқуъ пайваст.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев даҳ нафарӣ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги ҳамдигарро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон сарфароз гардониданд.

Шахсони мазкур, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштаанд, бо мукофотҳои давлатӣ — орденҳо ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурги сатҳи ҷаҳонист: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013”, “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”.

Агар ба вуҷуд овардани ваҳдат дар кишвар як амри дохилист, вале корҳои бузурге, ки аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то расидан ба сулҳ ва баъд аз он анҷом шуданд, яъне сарҷамъ намудани миллат, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, ҳал кардани низоъ бо роҳи гуфтушуниди мусолиматомез, талошҳои шахсӣ ва комилан содиқона дар роҳи сулҳ ва ҳатто ба хатар андохтани ҷони худ дар ин роҳ, обод сохтани харобаҳои ҷанг дар як муддати кӯтоҳ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, аз як кишвари ҷангзада ба амнтарину босуботтарин давлати минтақа табдил додани Тоҷикистон ва чандин иқдоми дигар, ки на танҳо боиси рушди Тоҷикистон, балки омили муҳими ҳифзи субот дар минтақа гардиданд, сабаб шуданд, то Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои навандеш шинохта шавад, роҳбаре, ки тавонист дар амал ба орзуҳои башарӣ (дар мисоли як кишвар) ҷомаи амал пӯшонад. Табиист, ки ин гуна фазо ва ин гуна эътирофи ҷаҳонии Пешвои мо боиси болоравии обрӯ ва эътибори сиёсии кишвар гардида, заминаи мусоиде барои рушди дипломатия ва пешбурди равобити байналмилалӣ фароҳам овард.

Моҳи декабри соли 2015 палатаҳои парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” — ро қабул карда, ба он Президенти мамлакат рӯзи 25 декабри соли 2015 имзо гузоштанд.

Аҳамият ва манзалати қонуни мазкур, пеш аз ҳама, қадршиносӣ, арҷгузорӣ ба он хизматҳои арзандае, ки фарзанди баруманди миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ободиву пойдории миллати тоҷик қаҳрамонона дар лаҳзаҳои мушкилу сарнавиштсоз намудааст, равона карда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад. Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз хатари парокандавшавӣ эмин монда, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

19 декабри соли 2017 таҳти рақами 968 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид, ки тибқи он соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.

Ин тадбир ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ, аз ҷумла Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30 — солагии ҷашни умумимиллии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо дар 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо оромишу осудагӣ ва пешрафту созандагиаш ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, мардуми заҳматкашу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешабаҳор якдилона талош мекунанд ва бо шукргузорӣ аз Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар, дар атрофи андешаҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида, барои ободии Ватан ва тақвияти руҳияи Истиқлол саъю талош меварзанд.

Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА,
Доктори илмҳои таърих, Профессор,
узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

Самариддини АЙНИДДИН,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2018 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд