ТОҶИКИСТОНРО КАСЕ, КИ СОХТ, БО ОНЕМ! Аҳли фарҳанги Тоҷикистон таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро маҳкум менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аҳли фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби неруҳои мухолифин дар Аврупо роҳандозӣ шудааст, маҳкум намуда, аз созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, бахусус САҲА тақозои онро доранд, ки оид ба дастгирӣ ва пуштибонии ҳама гуна иқдомҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати ислом ва созмону ҷунбишҳои мухолифини миллати тоҷик бетараф набошанд. Барои ҷаҳониён мусаллам аст, ки раиси ҳизби мамнӯъ ва террористии наҳзати исломии Тоҷикистон М. Кабирӣ ва пайравонаш тайи 27 соли истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба чӣ гуна зуҳуроти номатлубу нафратовар даст задаанд. Раиси ҳизбе, ки ба миллат ва Ватани хеш хиёнат кардаву бо ҳамҳамаи хоҷагони хориҷии худ ба хотири курсию мансаб ба ҳама гуна амалҳои ифротгароӣ тавъам буд, бо кадом рӯ, бо чӣ гуна масъулияте, ки олудаи кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ аст, ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро роҳбарӣ мекунад?
Мусаллам аст, ки «Паймон»-и мазкур дар қолаби ҳизби мамнӯъ ва террористии наҳзати ислом роҳандозӣ шудааст ва дар шакли нав ҳадафҳои ғаразноку ҷудоиандозиро ба муқобили миллати соҳибтамаддуни тоҷик матраҳ карданист.
Ҳамагон дарк намудаанд, ки «Паймон»-и мазкур ба вожаҳои муқаддаси миллӣ ва Тоҷикистони азиз ҳеҷ гуна рабт надорад. Чунки афроде, ки ботин ва тафаккури манқуртиашон олудаи кинаву адоват буда, ба Ватану миллат хиёнат кардаанд, ҳаққу ҳуқуқи маънавии истифодаи вожаю рамзҳои муқаддаси миллиро надоранд. Таърих исбот кардааст, ки миллати шарафманду тамаддунофари тоҷик ҳеҷ гоҳ хиёнаткорро набахшидааст ва нахоҳад бахшид:
Мо ваколатпарвари панди бузургонем,
Тоҷикистонро касе, ки сохт, бо онем.
Сарвари мо, сарвари номусу нанги мост,
Шаҳсутуни меҳри дил бо номи Ӯ барҷост.
Пайрави парвозро парвоз чун барг аст,
Дар лаби боми дигар, ҳастии мо марг аст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






