«Ӯ ТОҶИКОНРО ДӮСТ МЕДОШТ…». Имрӯз ба даргузашти Бруно Ясенский, нависандаи лаҳистонӣ, муаллифи романи дар ҷаҳон машҳур дар бораи водии Вахши Тоҷикистон 80 сол пур шуд

Сентябрь 17, 2018 08:35

ДУШАНБЕ, 17.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. 17-уми сентябр ба  рӯзи даргузашти Бруно Ясенский, муаллифи романи «Одам пӯсташро иваз мекунад», 80 сол   пур шуд.

Бемуҳобот, беҳтарин асаре, ки то ба имрӯз дар бораи азхудкунии қаҳрамонона ва камназири водии доманфарохи офтобию бостонии Вахши Тоҷикистон  иншо шудааст, романи нависанда, шоир ва драматурги лаҳистонӣ Бруно Ясенский «Одам пӯсташро иваз мекунад» мебошад. Дар он таҳавуллоти ботинии фотеҳони заҳматқарин, ки яке аз онон муҳандиси амрикоӣ асту ҳамзамон дар рафти ба гулистон бадал шудани сарзамини сӯхтаи беоб сурат мегирифт, дар заминаи рӯйдодҳои воқеӣ муҳташам ва хотирмон ба қалам дода шудааст. Зимнан прототипи яке аз қаҳрамонони асар устод Мирсаид Миршакар мебошад, ки барҳақ аз бунёдгузорони яке аз кӯҳнатарин нашрияҳои кишварамон – рӯзномаи «Вахш» маҳсуб меёбад.

Романи «Одам пӯсташро иваз мекунад» қариб ҳар сол то дами соли 1937 гирифтори маҳбас шудани муаллиф ва сипас баъди сафед гардиданаш борҳо рӯи чопро дидаасту ба дигар забонҳо, аз ҷумла, забони тоҷикӣ интишор ёфтааст.

Аҷибаш ин ки дар нашри тоҷикӣ исми мутарҷим зикр наёфтааст. Эҳтимол ӯро низ чун Саидризо Ализода ё Вадуд Маҳмудӣ душмани халқ эълон карда бошанд. Дар он солҳо чунин ҳодисаҳо рух медоданд ва ба ному насаби он «ҷосусону хоинон» хати батлон мекашиданд ва онҳоро ба гумномӣ маҳкум месохтанд. Ба ёд орем мақолаи Абдусалом Деҳотӣ «Гуноҳи тарҷумон чист?». Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки бино ба ақидаи нависанда ва тарҷумони моҳир Бахтиёри Муртазо баргардони роман ба тоҷикӣ суст аст. Дар ҳама сурат месазад, ки романи Бруно Ясенский аз нав бо сифати баланд тарҷума шавад ва дастраси хонандагон гардад. Фаромӯш набояд кард, ки дар ин асар аз ҷониби муаллифи дақиқназари аврупоӣ як саҳифаи дурахшони таърихи халқи мо дар нимаи авали асри 20, хизмати фидокоронаи бобоёну падарони мо инъикос ёфтааст.

Бруно Ясенский 17-уми июли соли 1901 дар оилаи пизишки машҳур дар Лаҳистон (Полша) ба дунё омада, баъди хатми донишгоҳи Краков муқими шаҳри Париж мешавад ва ба ҳаракати инқилобӣ мепайвандад. Шеърҳо ва мақолаҳои публитсистиаш аз ҳамон вақт таваҷҷуҳи хонандагонро ҷалб менамоянд.

Дар ҳамин давра романи сиёсии ӯ «Парижро месӯзам» рӯи чоп омад, ки аз ҷониби худи муаллиф ба забони франсавию русӣ тарҷума гардид. Он ҷавобия ба памфлети Пол Моран «Маскавро месӯзам» буд. Барои ин асар ва песаи танқидии «Базми хӯсаҳо» Бруно Ясенский гирифтори табъид мешавад ва маҷбур мегардад, ки ба ИҶШС кӯч бандад. Дар ин ҷо ӯро котиби МОРП (Иттиҳодияи байналмилалии нависандагони инқилобӣ) ва сардабири нашрияи марказии он – маҷаллаи «Иностранная литература» интихоб мекунанд. Зимнан, нависандагони номии он давр, амсоли Луи Арагон, Теодор Драйзер, Анри Барбюс, Бертолт Брехт ва дигарон, ки бар зидди фашизм ва пайомадҳои он муборизаи беамон мебурданд, аъзои иттиҳодияи мазкур буданд. Дар он айём яке аз иқдомҳои бузург ва мутаҳайиркунандаи роҳбарияти кишвари шуравӣ – объёрӣ ва ободонии водии Вахш ба хотири рӯёнидани пахтаи навъи мисрӣ, ки аслан шӯразамину тӯқайзору маскани мору каждуму шағолон буд ва аз ин рӯ, коршиносони хориҷӣ ин амалро хаёли хом меҳисобиданд, таваҷҷуҳи Бруно Ясенскийро ба худ ҷалб накарда наметавонист, зеро ӯ ба азму иродаи халқи шӯравӣ шак надошт. Бруно Ясенский ду маротиба, соли 1931 ва соли 1932 ба Тоҷикистон омада буд. Ӯ  ба майдони ҳарбу зарб – водии Вахш рафт, ҷасорату матонат ва кору пайкори шабонарӯзии мардумро ба чашми сар дид, муддате ин ҷо дар хайма зист, бо одамони бисёр шинос шуду сӯҳбатҳо намуд, аз оби гилолуди каналҳои навсохт нӯш кард. Дар натиҷа як асари калонҳаҷми олиҷанобе бо номи «Одам пӯсташро иваз мекунад» тавлид ёфт.

Хотирнишон кардан бамаврид аст, ки дар баробари Бруно Ясенский он солҳо дигар аъзои МОРП – адибону рӯзноманигорони шинохта, ба монанди Эгон Эрвин Киш, Пол Вайян Кутуре ва дигарон низ ба Тоҷикистон омада, баъдан дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишварҳои Аврупо очерку мақолаҳо нашр кардаанд ва ҷумҳурии мо ва мардуми онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд. Ин мавзӯест, ки сазовори тадқиқоти ҷиддист. Мутаасифона, дар ин бора ман ба ҷуз китоби номзади илмҳои филологӣ Яков Илич Гордон «Машъалаи Шарқ» (Тоҷикистон дар назар аст – М. С.) дигар чизи қазоие нахондам.

Ин ҷо гузоштани нуқта ҷоиз аст. Аммо мехоҳем аз як қиссаи дигар ёдовар шавем, ки ба зиндагию эҷодиёти Бруно Ясенский марбут аст ва далели хислатҳои наҷиби инсонию садоқати ду қаламкаш ба ҳам мебошад.

Соли 1929, вақте Бруно Ясенский аз Фаронса бадарға мешаваду озими ИҶШС мегардад, дар қатори онҳое, ки дар вокзали роҳи оҳан пешвозаш мегиранд, як ҷавонзани гандумгуни ситорагарм ҳам буд.

Ӯ Анна Берзин ном дошт ва  дар маҷаллаи «Иностранная литература» кор мекард. А.Берзин  донандаи чандин забонҳо буд, вайро бо бисёр адибон, аз ҷумла, Сергей Есенин риштаи дӯстӣ мепайваст ва баъд аз сари ӯ хотираҳояшро дар бораи шоир навиштааст. Шиносоӣ ба адиби лаҳистонӣ бо хонадоршавии онҳо анҷомид. Ҳарду нисбатан ҷавон буданд, аз зиндагӣ умедҳо доштанд. Аммо тақдири шум ҳукми худро баровард. Соли 1937 Бруно Яенскийро ғайричашмдошт дар ҳаракати «аксулинқилобӣ» муттаҳам сохтанд, аз ҳамаи вазифаҳо сабукдӯш карданд ва аз сафи ҳизб бароварданд. Дар Иттифоқи нависандагон маҷлиси ҳизбӣ барпо гашт ва аз Анна Берзин талаб намуданд, то шавҳари бахтбаргаштаи худро, ки ба номаш тамғаи «душмани халқ» таҳмил гашт, расман маҳкум намояд. Лекин Анна Берзин ин пешниҳодро қатъиян рад намуд. Барои чунин нофармонӣ худи ӯро аз сафи ҳизб ронданд. Баъан Анна Абрамовнаро ҳам ба ҷурми робита бо разведкаи Лаҳистон айбдор намуда, ба ҳабс гирифтанд. Аммо ҳамон шабе, ки кормандони НКВД барои ишкел задан ба дастони Бруно Ясенский омада, хонаро тагу рӯ карданд, ӯ ноаён хилъаташро болои дастнависи романи нотамоми шавҳараш «Қасди бетарафон» рӯи курсӣ партофт. Кормандони хадамоти бехатарӣ аз кофтукови хилъати занона ибо карданд. Дастхатро Анна ба хонаи модараш бурд ва дар таҳхонаи намнок пинҳон сохт. Танҳо баъд аз ҳашт соли маҳбусӣ он дастхатро боз аз ниҳонҷо баровард. Ранги он парида буд ва ба таъмир ниёз дошт. Бар ивази заҳмати зиёд Анна Берзин, ки худ муҳаррири ботаҷриба буд, дастнависро барқарор кард. Баъд аз он, ки бегуноҳии ин зани фозилаю оқила дайн шуд ва ӯро чун шавҳараш сафед карданд, вай тамоми умр ба чопу бознашри асарҳои шавҳараш ва навиштани ёддоштҳо дар бораи ашхоси гуногун аз миёни аҳли адаб машғул гардид.

Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки Бруно Ясенский бо чанде аз адибони тоҷик, хосатан устод Лоҳутӣ муносибати дӯстона доштааст, бо ашъори ӯ ошно будааст, дар садорати маҷлисҳои гуногун дар пойтахти ҷумҳурӣ ё Маскав онҳо паҳлӯи ҳам менишастаанд. Ба муносибати 30-солагии Абулқосим Лоҳутӣ устод Айнӣ шеър навишт, ки онро Ясенский ба русӣ тарҷума кард. Ҳамчунин Яснский бо Ғанӣ Абдулло қаробат доштааст. Баъд аз сӯҳбати тӯлонӣ бо Ясенский драматурги он солҳо ҷавони тоҷик песаи худро таҳти унвони «Водии бахт» дар бораи корномаи Вахш таҳрир кард ва такмил дод. Бино ба гуфти Яков Гордон вақте устод Лоҳутӣ Маскавро макони зист ихтиёр кард, Анна Берзин мизи кории шавҳарашро ба вай бо чунин суханон тақдим намуд: «Ҳар гоҳ сари ин миз нишинед, аз ӯ ёд кунед. Ӯ Шуморо, ӯ тоҷиконро дӯст медошт».

17-уми сентябр ба рӯзи марги Бруно Ясенский, муаллифи романи «Одам пӯсташро иваз мекунад» 80 сол пур мешавад. Вақте аз чунин одамони амсоли ӯю Анна Берзин сухан меравад, ин байти шоир ба ёд мерасад:

Агар мех созӣ аз ин одамон,

Мехе маҳкамтар набвад дар ҷаҳон.

Бегумон, аз рӯи инсофу адолат мебуд  ва нишони қадрдонӣ мебуд, агар яке аз кӯчаҳои шаҳри Бохтар, ки Бруно Ясенский вассофи ин сарзамин аст, ояндаи бузурги онро пешгӯӣ мекард, ба номи ӯ гузошта шавад.

                                                                                   Мансур Суруш,
                                                                     шореҳи адабии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 17, 2018 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид