Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода: «Сокинони мамлакатро мебояд бо назари қадрдонӣ ба Ватан, миллат ва Пешвои муаззами худ нигаранд»

Сентябрь 7, 2018 08:37

ДУШАНБЕ, 07.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки миллати куҳанбунёди тоҷик бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиву дастовардҳои назаррас ва бесобиқа шарафёб шавад. Муҳимтарин  қарзи шаҳрвандие, ки имрӯз дар назди ҳар сокини баномусу ватандӯсти кишвари мо қарор дорад, бо назари қадрдонӣ ба Ватани, миллат ва  Пешвои муаззами худ нигаристан мебошад, зеро танҳо бо чунин тарзи муносибат роҳи дурахшонтару ояндаи беҳтар сохтан мумкин аст. Ин матлабро Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дирӯз зимни ҳамоиш бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар толори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ доир гардид, баён дошт.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиши пуршукӯҳи идона намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ширкат варзиданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо сокинони кишвари азизамон бо ҳисси фараҳу шодмонӣ, рӯҳияи баланди идона ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд. «Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Тамоми ин муваффақиятҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Бунёди муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ, иншооти хизматрасонӣ, кушодани нақбу роҳҳо, дастовардҳои илмӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ аз файзу таровати Истиқлолият ва пойдории сулҳу субот дар кишвар мебошад».

Зикр карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини шароити моддӣ ва маишии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бо дастгириву ғамхории Сарвари давлат садҳо бинову иншооти мақомоти корҳои дохилӣ навсозӣ ва тармиму таҷдид гардиданд.

Як зумра фаъолони соҳа  ба муносибати 27-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадр карда шудаанд.  Сардори Раёсати  кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода  ба онҳо аз номи Сарвари давлат ин мукофотҳоро  супорид.

Ҳамчунин бо фармони Вазири корҳои дохилӣ ба якчанд нафар кормандон барои хизмати арзанда мукофотҳо ва рутбаҳои навбатӣ тақдим гардид. Дар маҷмӯъ, ҳамагӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои дохилӣ зиёда аз 700 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои олӣ ва калони ҳайати роҳбарикунанда, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳо, Ифтихорнома, Раҳматнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Сентябрь 7, 2018 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд