Вокуниши Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба изҳороти сафири Афғонистон дар Россия

Сентябрь 6, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 06.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаҳои Сафири  Афғонистон дар Россия Абдулқаюми Кӯчиро дар бораи «Мавҷудияти  мафияи  нашъаҷаллоб дар Тоҷикистон» бо далелҳои қатъӣ рад менамояд.

Аз шуъбаи равобит бо ҷомеаи ситоди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки гуфтаҳои Сафири Афғонистон дар Россия Абдулқаюми Кӯчиро мавриди таҳлил қарор дода, ботил будани онро собит намудаанд.

Дар нашрияи № 35 рӯзномаи «Тоҷикистон» аз 29 августи соли 2018, таҳти унвони «Мафияи Тоҷикистон аз нашъаи Афғонистон манфиат мегирад» мақолае нашр гардидааст. Дар мақолаи мазкур омадааст, ки Сафири  Афғонистон дар Россия Абдулқаюми Кӯчӣ ба муносибати 99-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Афғонистон дар маркази матбуотии «Россия сегодня» нишасти хабарӣ баргузор намуда, изҳор доштааст, ки «Мафияи байналмилалӣ ҳам дар Тоҷикистон, кишварҳои дигари Осиёи Миёна, Эрон, Покистон ва давлатҳои дигар фаъолият дорад». Ҳамчунин зикр  намудааст, ки «Маводи мухаддир аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва баъдан ба Москваю Аврупо интиқол меёбад».

Агентӣ гуфтаҳои Сафири Афғонистон дар Россия Абдулқаюми Кӯчиро мавриди таҳлил қарор дода, онро бо назардошти ҳолатҳои зерин қатъиян рад менамояд.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистон, ки яке аз истеҳсолкунандагони асосии маводи мухаддир дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, сарҳади тӯлонӣ дорад.

Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти қочоқи маводи нашъаовар садди устувор гузоштааст. Дар ин росто, сарҳади давлатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдор мустаҳкам карда шуда, ҳамасола аз 4 то 7 тонна маводи мухаддири дар Афғонистон истеҳсолшуда аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тоҷикистон мусодира карда мешавад, ки ин нисбат ба дигар давлатҳои дар масири Шимол қарор дошта якчанд маротиба зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки ягон нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли охир бо ҷурми интиқоли маводи нашъаовар дар ҳудуди Афғонистон дастгир нагардидааст. Баръакс, дар ин давра боздошти шаҳрвандони Афғонистон дар ҳудуди Тоҷикистон ва мусодираи маводи нашъаовар аз онҳо афзоиш ёфтааст.

Сол аз сол бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, муқовимат ба гурӯҳҳои нашъаҷаллоб ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморида шуда, гурӯҳҳои ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб ошкор ва фаъолияти онҳо қатъ гардонида мешаванд. Танҳо дар якуним соли охир фаъолияти зиёда аз 16 гурӯҳи ҷиноятпешаи нашъаҷаллоб ошкор ва қатъ гардонида шудааст.

Натиҷаҳои фаъолияти самараноки мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ боиси он гардид, ки дар ду соли охир аз тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ягон ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар хориҷи кишвар ошкор ва ба қайд гирифта нашуд. Дар ин замина дастгиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла, дар давлатҳои ҳамсоя ва Федератсияи Россия 36 фоиз кам гардидааст.

Тадбирҳои андешидаи мақомоти давлатии Тоҷикистон мусоидат намуданд, ки солҳои пешин ва айни замон тариқи масири Шимол қисми ками маводи нашъадори ғайриқонунӣ дар Афғонистон истеҳсолшаванда интиқол меёбад.

Бо иқрори худи мақомоти ваколатдори Афғонистон ва коршиносони созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчунин дар асоси таҳлилҳои мо танҳо 10 фоизи маводи нашъаовари истеҳсоли Афғонистон тариқи масири Шимол интиқол меёбаду халос. Қисми боқимонда, яъне 90 фоиз маводи мухаддири афғонӣ тавассути дигар масирҳо интиқол меёбад.

Низоми давлатдорӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон устувор ва самаранок фаъолият доранд, ки ба мавҷудият ва фаъолияти ягон «Мафия дар Тоҷикистон» имкон намедиҳанд.

Маълумоти АМИТ «Ховар»

Маводи мухаддире, ки  дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон истеҳсол мешавад,  асосан тариқи се масир интиқол меёбад:

  • Масири «Балкан» — тариқи давлатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон (дар бисёр ҳолат аз Покистон ҳам мегузарад), Туркия, Юнон, Булғористон убур карда, ба Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва аз он ҷо ба Аврупои Ғарбӣ интиқол меёбад. Маблағе, ки дар ин самт гардиш мехӯрад, тақрибан 20 млрд. доллар аст.
  • Масири «Ҷануб» — тариқи ин масир маводи мухаддир ба минтақаҳои зиёд интиқол меёбад. Аввал тариқи роҳи хушкигард ба бандари Бандар-Аббоси Эрон ё Карочии Покистон, баъдан ба киштиҳо бор карда, ба Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Африка, Аврупои Ғарбӣ ва Марказӣ, Амрикои Шимолӣ интиқол меёбад. Аз сабаби афзоиш ёфтани талабот ба маводи мухаддир дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ин масир васеъ шуда истодааст.
  • Масири «Шимолӣ»-тариқи давлатҳои Осиёи Миёна ба Федератсияи Россия интиқол меёюбад. Ин масир пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ боз шуд ва омили асосии ташкилшавии ин масир бесарусомониҳои дар он замон бамиёномада ҳисобида мешавад. Аммо тариқи ин масир миқдори ками маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон интиқол меёбад.
Сентябрь 6, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд